Баргузории мурофиаи сайёри суд, дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён бо парвандаҳои ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ бо моддаи 153-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва ходимони дин.

Санаи 12 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён Раиси Суди ноҳияи Қубодиён муҳтарам Мамарасулзода С.М., парвандаҳои ҳуқуқвайрокунии маъмуриро бо моддаи 153-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва ходимони дин баррасӣ намуда, дар доираи қонун нисбати ҳуқуқвайронкунандаҳо ҷазо таъин карда шуд.

 

 

 

 

 

 

Пас аз эълон намудани қарорҳои суд, раиси суд бо фаъолони ноҳия вохӯрии судманд бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи урфу одат ва анъанаҳои ниёгон ва дар ин замина пешгирӣ намудани ҳолатҳои тақлид ба фарҳанги бегона, инчунин пурзур намудани корҳои амалӣ бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ва сарҷамъона мубориза бурдан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву тероризм, инчунин оид ба даъвати ҷавон писарон ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Ҳамзамон вобаста ба муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сарфакорона ва эҳтиёткорона истифода бурдани қувваи барқ, ки яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеа ба ҳисоб меравад бо ҳозирини ҷамъомад сӯҳбату вохӯриҳо иштирокчиён доир ба мавзуъҳои болозикр тариқи саволу ҷавоб посухҳои мушаххас гирифтанд.

Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки корҳоро дар самти ташфиқу тарғиб боз ҳам хубтар ба роҳ монда, таъмини иҷрои барномаҳо ва стратегияҳои миллиро бо сифати баланд анҷом диҳад.

 

Иҷрокунанда,

Пристави Суди ноҳияи Қубодиён

Ҳусейнзода А.А.