НОМИ КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНӢ БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ МАДАНӢ ВА ПАРВАНДАИ ГРАЖДАНӢ БА ПАРВАНДАИ МАДАНӢ ИВАЗ ГАРДИД.

«Дар ном ва матни Кодекс калимаҳои «ГРАЖДАНИИ», «гражданӣ», «граждание», «гражданиро», «граждании» ва «гражданию» мувофиқан ба калимаҳои «МАДАНИИ», «маданӣ», «мадание», «маданиро», «мадании» ва «маданию» иваз карда шаванд».

Қисми 1, моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 январи соли 2024, № 2022.

 

Ҳамзамон мувофиқи қисми 1 ва 2 моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 13 ноябри соли 2023, № 1987. Ба моддаи 64 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаи зерин ворид карда шуда, калимаҳои «парвандаи граждании» ва «парвандаи гражданӣ» мувофиқан ба калимаҳои «парвандаҳои маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии» ва «парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ» иваз карда шуданд.

 

иҷрокунанда пристави суд

Ҳусейнзода А.А.