Истиқлолият дастоварди бузурги тоҷикон

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик дастоварди бузург ва нодиртарин буда, дар охири асри ХХ амалӣ гардид. 9 сентябри соли 1991 дар саҳифаи таърихи тамадуни ҷаҳон ва халқи тоҷик бо хатти заррин ва дурахшон, чун Рўзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сабт шуд ва он барои муайян намудани самтҳои тараққиёт ва пешрафти ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Ба даст овардани истиқлолият туҳфаи бебаҳо ва деринтизори мардуми тоҷик буд ва дар шоҳроҳи иқдоми миллати тоҷик роҳи рушди комилан навро кашф намуд. Пас аз ҳазор соли парешонӣ, ҷангу ихтилоф ва қурбониҳо, миллати куҳанбунёди тоҷик боз соҳиби давлати соҳибихтиёри худ гашт. Зиёданд миллатҳое дар дунё, ки шумораашон ба чандин миллион мерасад ва солҳои тулонӣ барои ба даст овардани Истиқлолият мубориза мебаранд, вале таърих нисбати онҳо меҳрубони зоҳир накардааст.

33 соли Истиқлолияти Тоҷикистон, тамоми сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ватанамонро дигаргун намудааст. Мақомоту муассисаҳо нафақат шаклан, балки мазмунан ва пуррагӣ тағйир ёфтанд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки Тоҷикистон узви мустақил ва шинохтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт ва худ мустақилан ба равнади рушди ҷаҳонӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда шарик гашт. Аз ибтидои Истиқлолияти давлатиаш Тоҷикистон аз принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқи, ки асоси муносибати байни давлатҳо, сулҳу амният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошанд, ҷонибдори кардааст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ эътироф карда шудааст.

Истиқлолият барои қабули Конститутсияи давлатӣ комилан мустақил асос шуд ва 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъипурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки Тоҷикистонро ба ҳайси давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд дунявӣ ва ягона эълон карда, ҳаёт қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир дониста шуданд. Эътироф риоч ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вазифаи давлат ҳисобида шуд.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ислоҳоти низоми судии мамлакат заминаи воқеӣ гузошт. Аввалин маротиба дар қонуни асосӣ, ҳокимияти судӣ ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлат эътироф карда шуда, вазифаҳои ҳокимияти судӣ ба тариқи конститутсионӣ муқаррар карда шуданд. Аз тарафи давлат кафолат додани ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва арзиши олӣ эътиоф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ба тариқи конститутсионӣ муайян карда шуданд, ки ин ба фаъолияти ҳокимияти судӣ зич алоқаманд аст.

Мувофиқи моддаи 14-и Конститутсия Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Инчунин, мутобиқи моддаи 84-и Конститутсия, Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Мақомоти судии кишвар ҷиҳати таъмини адолати том ва риояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёни ҷомеъа, муасисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо фаъолияти ҳаррўзаи худро ба роҳ мондаанд, зеро эъмори ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва озоду демократӣ, пешрафти муносибатҳои нави бозоргонӣ, маҳз ба фаъолияти ҳокимияти судии мустақил, беѓаразу устувор ва бо салоҳият ҷиддан вобаста аст. Маҳз ҳокимияти судӣ метавонад кафили пешрафти ҳамин муносибатҳо бошад аз ин ҷост, ки роҳбарияти ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ба низоми ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти он, инчунин салоҳиятнокии ин рукни ҳокимият эътибори ҷидӣ медиҳанд. Зиёда аз он сардори давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаашон ба Парлумони кишвар ҷиҳати такомули раванди ислоҳоти судӣ ҳуқуқӣ паёпай таъкид менамоянд.

Имсол, ки аз қабули Истиқлолияти кишварамон 33-сол пур мешавад, аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми мардуми тоҷик ва тоҷикистониёнро бо ин рўзи басо фархунда, яъне рўзи қабули бахтномаи миллат, Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд, ба ҳамаи мардуми баландтамаддуни Тоҷикистон сарбаландӣ ва бурдбориҳоро таманно дорам.

Рўзи қабули Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамагон муборак бошад.

 

Пристави Суди ноҳияи

Қубодиёни вилояти Хатлон

Ҳусейнзода А.А.