Маҷлиси тантанавӣ дар Суди ноҳияи Қубодиён бахшида ба 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 9 сентябри соли 2024 дар Суди ноҳияи Қубодиён маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суди ноҳияи Қубодиён, муҳтарам Мамарасулзода Саидҷафар Мамарасул  ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Қубодиён баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур аввалан  Раиси суди ноҳияи Қубодиён, муҳтарам Мамарасулзода Саидҷафар Мамарасул хозиринро бахшида ба ҷашни 33 солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, вобаста ба ин ҷашни бузурги таърихӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик дастоварди бузург ва нодиртарин буда, дар охири асри ХХ амалӣ гардид. 9 сентябри соли 1991 дар саҳифаи таърихи тамадуни ҷаҳон ва халқи тоҷик бо хатти заррин ва дурахшон, чун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сабт шуд ва он барои муайян намудани самтҳои тараққиёт ва пешрафти ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Ба даст овардани истиқлолият туҳфаи бебаҳо ва деринтизори мардуми тоҷик буд ва дар шоҳроҳи иқдоми миллати тоҷик роҳи рушди комилан навро кашф намуд. Пас аз ҳазор соли парешонӣ, ҷангу ихтилоф ва қурбониҳо, миллати куҳанбунёди тоҷик боз соҳиби давлати соҳибихтиёри худ гашт. Зиёданд миллатҳое дар дунё, ки шумораашон ба чандин миллион мерасад ва солҳои тулонӣ барои ба даст овардани Истиқлолият мубориза мебаранд, вале таърих нисбати онҳо меҳрубони зоҳир накардааст.

33 соли Истиқлолияти Тоҷикистон, тамоми сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ватанамонро дигаргун намудааст. Мақомоту муассисаҳо нафақат шаклан, балки мазмунан ва пуррагӣ таѓйир ёфтанд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки Тоҷикистон узви мустақил ва шинохтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт ва худ мустақилан ба равнади рушди ҷаҳонӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда шарик гашт. Аз ибтидои Истиқлолияти давлатиаш Тоҷикистон аз принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқи, ки асоси муносибати байни давлатҳо, сулҳу амният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошанд, ҷонибдори кардааст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ эътироф карда шудааст.

Сипас, дар давоми маҷлиси ҷашнӣ  кормандони дастгоҳи Суди ноҳияи Қубодиён дар мавзуҳои гуногун бахшида ба рӯзи Истиқлолият  баромад намуданд.

 

 

 

 

Иҷрокунанда,

Пристави Суди ноҳияи Қубодиён

Ҳусейнзода Абдураҳмон Аврод