Мурофиаи сайёри судӣ дар бинои фарҳанги хоҷагии Авестои ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён бо парвандаҳои ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ бо моддаи 460 ва қисми 1, моддаи 479-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолони ноҳия

Санаи 11 июни соли 2024 дар бинои Фарҳанги хоҷагии Авестои ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён  Раиси Суди ноҳияи Қубодиён муҳтарам Мамарасулзода С.М., парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро бо моддаҳои 460 ва қисми 1, моддаи 479-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҷлиси ошокорои сайёри судӣ бо иштироки фаъолони ноҳия баррасӣ намуда, дар доираи қонун нисбати ҳуқуқвайронкунандаҳо ҷазои сазовор таъин кард. Пас аз ба анҷом расидани мурофиаи судӣ, Раиси Суди ноҳия муҳтарам Мамарасулзода С.М.,  бо фаъолони ноҳия вохӯрии судманд бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва эҳсосоти ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи урфу одат ва анъанаҳои ниёгон ва дар ин замина пешгирӣ намудани ҳолатҳои тақлид ба фарҳанги бегона, инчунин пурзур намудани корҳои амалӣ бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ва сарҷамъона мубориза бурдан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву тероризм, инчунин оид ба даъвати ҷавон писарон ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Иҷрокунанда Пристави Суд

Ҳусейнзода А.А.