РУШДИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки яке аз роҳҳои асосӣ ва пешқадамтарини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин ҳифзи судист. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои асосии марбут ба ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намудааст. Ҳокимияти судӣ  яке  аз кафолатҳои асосии таъмини арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад менамояд.

Дар боби 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 84-92) вазифа, мақсад, принсипҳои фаъолият, талаботҳо оид ба таъин ва интихоб шудани судяҳо, низоми судӣ мушаххас гардонида шудаанд. Ҳамзамон дар Конститутсия як қатор принсипҳои калидии адолати судӣ, аз қабили эҳтимолияти бегуноҳӣ, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ, мубоҳиса ва баробарии тарафҳо, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва суд,  дахлнопазирии шахсӣ, дахлнопазирии манзил, маҳрамияти мукотиба, сўхбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс ва ғ. мустаҳкам карда шуданд. Аз ин рў, бояд эътироф намуд, ки бо баробари қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як марҳилаи сифатан нав дар рушду инкишофи ҳокимияти судӣ ба миён омад.

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 силсилаи Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Суди конститутсионӣ», «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ», «Дар бораи судҳои иқтисодӣ» ва «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуданд, ки  барои ташаккули низоми ягонаи судии кишвар заминаҳои мусоидро фароҳам оварданд.

Зимнан қайд кардан ба маврид аст, ки бо назардошти воқеан муҳим будани нақши мақоми судӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳанўз 14 апрели соли 1997, № 692 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида буд, ки ин санад дар рушди минбаъдаи ҳокимияти судӣ нақши босазои худро гузошт.

Бо дарназардошти ба вуқўъ пайвастани дигаргунӣ ва пешравиҳои дар ҷомеа солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо барои ҳифзи манфиатҳои миллат, давлати тоҷикон  ва таъмину амалишавии  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шароитҳои арзандаро ба миён оварданд.

Яке аз масъалаҳои меҳварии тағйиру иловаҳои соли 1999 — ро ба Конститутсия такмили мустақилиятии низоми идории судҳо  ташкил медод. Дар заминаи амалишавии ислоҳоти конститутсионӣ 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки дар роҳи устувор  гардонидани  пояҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд қадами устувор  гузошта шуд. Ҳамзамон дар ҳамин замина 6 августи  соли 2001 Қонуни нави конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуда, қонунҳои қаблан қабулшудаи соли 1995 ба истиснои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” беэътибор дониста шуданд.

Ҳамзамон дар заминаи тағйиру иловаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  22 июни соли 2003 муҳлати ваколати судяҳо аз 5 ба 10 сол дароз гардида синни ниҳоии номзадҳои ба вазифаи судягӣ пешниҳодшаванда 65 сол муқаррар  гардид. Тағйиротҳои руйи кор омада дар воқеъ аз як тараф ҷиҳати ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани қонунгузории миллии кишвар мусоидат намуда, аз дигар ҷиҳат  ба рушду такомули минбаъдаи низоми судӣ ва ҳокимияти судӣ дар кишвар шароити арзандаро фароҳам овард.

Дар заминаи тағйиру иловаҳое, ки рўзи 22-юми майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, аз моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 12 хориҷ карда шуда, ҳамзамон як қатор навгониҳо ба боби 8-ум, ки “суд” ном дорад, ворид карда шуд. Дар асоси тағйиротҳое, ки ба моддаи   86-и Конститутсия ворид карда шуд, минбаъд судяҳои суди ҳарбӣ, судяҳои суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят ва  шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраркардаи қонуни конститутсионӣ ба вазифа таъин ва озод карда мешаванд. Гузашта аз рўзи 9-июни соли 2016 дар заминаи тағйиротҳои ба Конститутсия ворид кардашуда аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳо “Дар бораи барҳам додани Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Судӣ Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Дар ҳамин замина ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Бо қаноатмандӣ месазад хотирнишон  сохт, ки масъалаи инкишофу пешрафти низоми судӣ,  таъмини мустақилияту шаффофияти фаъолияти судҳо дар Тоҷикистон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор дорад.

Иштироки бевосита ва суханронии  Сарвари Давлат  дар мулоқот  бо кормандони мақомоти судии мамлакат санаи 21 ноябри соли 2019 шаҳодати равшани ин гуфтаҳоянд. Зимни баргузории  вохўрии мазкур  Президенти кишвар фаъолияти судҳои кишварро дар замони истиқлоли давлатӣ ҳаматарафа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, онро мусбӣ баҳогузорӣ намуд.  Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки: “Барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд”.

Дар заминаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таҳким бахшидан ба фаъолияти минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеа, ҳифзи ҳукуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, таҳти № 271 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010»;  аз 3 январи соли 2011, таҳти № 976 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013»; аз 5-уми январи соли 2015, таҳти № 327  “Барномаи  ислоҳоти судӣ-ҳукуқӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017” ва аз 19 апрели соли 2019, № 1242 «Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» тасдиқ ва ба мавқеи иҷро вогузор карда шуданд.

Қабул ва амалишавии барномаҳои давлатӣ оид ба ислоҳоти судӣ дар кишвар шаҳодати ғамхориҳои рузафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти судҳои Тоҷикистон буда, ин иқдомҳо барои тадриҷан боло бурдани нуфузу эътибори судҳо дар ҷомеа, ҳамчун ниҳоди муҳими таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ  хизмат менамоянд.

Ба назари мо  дар замони истиқлолияти давлатӣ дар самти таҳкиму густариши низом ва ҳокимияти судӣ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқўъ пайвастанд. Ин ҷо метавон муҳимтарин дастовардҳои соҳаро дар замони соҳибихтиёрии давлатӣ шартан ба таври зайл гуруҳбандӣ кард:

— дар сатҳи конститутсионӣ бори нахуст мустаҳқам намудани ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ;

— муайян кардани ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, таъмини қонуният ба ҳайси таъиноти асосии ҳокимияти судӣ;

— бо дарназардошти инкишофи бемайлони муносибатҳои ҷамъиятӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ ва талаботи рузафзуни ҷомеа дар асоси Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми судии мамлакат таъсис ёфтани Суди Конститутсионӣ, Судҳои иқтисодӣ ва  ва судҳои ҳарбӣ;

— амалан васеъ гаштани ваколатҳои суд дар самти баррасии парвандаҳо ва баҳсҳо оид ба ҳуқуқ;

— имплементатсияи меъёрҳои санадҳои байналмилалии пазируфташуда  дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судҳо ва афзалияти онҳо нисбат ба қонунгузории миллӣ;

— фароҳам овардани низоми кафолатҳои мустақилияти судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ;

— фароҳам овардани низоми кафолати дастрасии ҳар як шахс ба адолати судӣ ва ҳифзи судӣ;

— тадриҷан вусъат ёфтани маблағгузории судҳо аз буҷети давлатӣ;

— ба роҳ мондани  ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, моддӣ-техникӣ ва ҷобаҷогузории  кадрии низоми судӣ  аз ҷониби низоми олии судӣ;

— таъсиси Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— таъсиси судҳои махсусгардонидашуда (коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ ва оилавӣ дар сохтори судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

— такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судҳо ва мувофиқ гардонидани онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ; қабули кодексҳои нав оид ба мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи судии иқтисодӣ;

— таъсиси ниҳоди “судя-коромўз” дар қонунгузорӣ;

—  танҳо ба салоҳияти суд вогузор намудани масъалаи маҳдуд намудани ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар мурофиаи судии ҷиноятӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ.

 

Иҷрокунанда

Котиби маҷлиси судӣ

Абдуқаҳҳорзода Комрон Абдуқаҳҳор