Сухани табрикоти бахшида ба рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баъди аз байн рафтани давлати Шӯравӣ, дар баробари як қатор давлатҳои собиқ Иттиҳод, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рӯ ба сӯи инкишофи мустақилона ниҳод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами нахустини худро ба истиқлолият гузошт, яъне аз як низоми давлатдорӣ ба дигар низом гузашт дар пай сохтани давлати воқеан демократию ҳуқуқбунёд талош мекард ва зарурияти ба таври куллӣ аз нав сохтани тамоми пояҳои ҳуқуқие, ки дар он соҳибихтиёрии давлат қарор дошт, ба миён омад, чунки охирон Конститутсияе, ки дар даврони Шӯравӣ соли 1978 қабул карда шуда буд бо низоми давлатдории даврони Шуравӣ қабул гардида буд.
Хушбахтона дар замони истиқлолият 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раипурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Мардуми тоҷик тавонист он урфу ананаҳои хоси худро дар санади олии ҳуқуқӣ таҷассум намоянд.
Конститутсия ҳамчун шиноснома давлату миллати тоҷиконро ба ҳайси давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ки ҳадафаш ҳамчун давлати ичтимоӣ барои ҳар як инсон шароити хуби зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Конститутсия, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад муаянкунандаи асоси сохтори конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори марзию маъмурии ҷумҳурӣ, низом ва ҳуқуқи интихоботӣ, раъипурсӣ, ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин худидоракунии маҳалӣ иборат мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ эътироф гардидаанд, ташкил медиҳад. Аз се як ҳиссаи меъёрҳои Конститутсия маҳз баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки яке аз нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд ба шумор хоҳад рафт.
Конститутсия сарчашмаи тамоми соҳаҳои ҳуқуқ ва танзимгари тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Мувофиқи моддаи 42-и Конститутсия, ҳар як шахс вазифадор аст Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Мо мардуми Тоҷикистон бояд фаромӯш накунем, ки аз оѓози солҳои 90-уми асри гузашта, бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ давлати мо ба оқибатҳои даҳшатноку фоҷеабори мусалаҳона ва ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид, ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонид.
Бинобар ин, моро зарур аст дар чорчӯбаи меъёрҳои Конститутсия ва тартиботи ҳуқуқӣ умр ба сар бурда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кӯшиш кунем, бахусус наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия намоем.
Инак аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ дар натиҷаи саъю кӯшишҳои беандозаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз ҷиҳати зиндагии осоишта сулҳу суббот рушду тарақиёт ва дастовардҳои фарҳангӣ, ҷумҳурии мо дар арсаи байналмилалӣ нуфузу мақоми шоистаро ишѓол намуд.
Аз ин фурсати муносиб истифода намуда, дар охир ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори 30-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, орзуманди рушду шукуфоии Тоҷикистони азизамон ҳастам ва дар фаъолияти корӣ, инчунин рӯзгори ҳамарӯзаи ҳар як фарди тоҷик муваффақияту комёбиҳои беназирро тамано дорам.
Пристави Суди ноҳияи
Қубодиёни вилояти Хатлон Ҳусейнзода А.А.