ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ УСТУВОРИ МУСТАҚИЛЛИЯТИ ҶУМХУРӢ

Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори 27-умин солгарди ҷашни Вахдати миллӣ-рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризоияти ҷомеаи тоҷикон самимона табрику тахният мегуям.

Расо 27 сол пеш мардуми мо дар зери тарғиботҳои сиёсатмадорон, дасисабозон ва дигар қувваҳои иртиҷоии манфиатдору бадхоҳони миллат худро ба вартаи ҳалокатовари ҷанги бародаркуш андохтанд. Дар як давраи кутоҳ низоми ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гашта, ҳимояи Ватан ва шаҳрвандони он дар зери хатар монд. Хатари аз байн рафтани миллат тахдид мекард. Роҳи наҷотро аз ин вартаи ҳалокат ва гирдоби ноумедиҳо маҳз Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон муайян кард ва дар он ҷавонмарди олитаборе бо исми мубораки Эмомалӣ Раҳмон сари қудрати сиёсии мамлакат омад, ки муроҷиат ба мардум умедбахшандааш “Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам ё дар ин роҳ ҷони худро нисор менамоям”. Ин муроҷиат пеш аз ҳама, маънои оғози қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба макони зист, барқарор сохтани ҳазорҳо хонаю иншооти бар асари ҷанг харобгашта ва маънои ба сари мизи музокирот нишастани роҳбарони нерӯҳои бо ҳам мухолифро дошт. Аввалан бояд дар саросари кишвар оташбас эълон шуда, аз муқовимати мусаллаҳона даст кашида, гуфтушуниди натиҷабахш оғоз мешуд. Дуюм, гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба ватан ва ҷои зисти доимиашон. Беҳуда нест, ки Асосгугузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни баромади худ дар Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки то охирон гурезагони берун аз Ватанро ба Ватанамон бар нагардонам худамро озод ҳис намекунам.

Мардуми Тоҷикистон зери роҳбари сиёсатмадори хирадманду дурандеш ва дорои иродаи матин тавонист дар он рӯзҳои фоҷиабор ва минбаъд дар атрофи худ халқро муттаҳид гардонида, Ватану давлатро аз ҳалокат наҷот диҳад. Ҳанӯз аз рӯзи аввали қасамёдкунии худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро дар назди худ мақсад гузошта, ба амалӣ намудани ҳадафҳои дигари стратегӣ, чун эҳёи Роҳи абрешим, ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратию фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бумбасти комукатсионӣ, волоияти қонун, ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ, асъори миллӣ ва масъалаи муҳими давлатӣ, ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳо ба он бо роҳи райпурсии умумихалқӣ буд.

Хомӯш сохтани алангаи ҷанги дохила иродаи Роҳбарияти Ҷумҳурӣ ва хоҳиши бевоситаи Шумо мардумони шарифи тоҷик буд.

Танҳо тавассути  Ваҳдат мо  имкон пайдо кардем, ки бо ҷаҳони имрӯза пайваст гашта, ба ҳадафҳои худ бирасем. Ҳукумат ва давлати Ҷумхурии Тоҷикистон таи 27 сол баҳри расидан ба ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ — истиқлолияти энергетикӣ, озуқаворӣ, раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини пешрафти мунтазами иқтисодӣ, таҳкими амнияту оромии мамлакат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тамоми роҳу усулҳоро истифода намуда, имрӯз низ пайи омӯзиши роҳҳои нав ба нави усулҳое, ки иқтисодиёти ҷумҳуриро мебардоранд, мебошад.

Бигузор рӯзҳои ғамангезу андухгини давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ дигар такрор наёбанд!.

Ҷавонони мо бояд ин рузҳоро сабақ карда, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ баҳри рушду нумуи иқтисодиёти кишварамон кушиш ба харҷ дода, музаффариятҳои аз вахдати миллӣ ба даст омадаро ҳамчун муқаддасот ҳифз намоянд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки ҷавонони мо дар баробари омӯзиши фанҳои гуманитарӣ, инчунин ба омӯзиши фанҳои дақиқ низ диққати ҷиддӣ диҳанд. Имрӯз ҷавонони мо берун аз кишвар кор ва таҳсил карда, аз бисёр дастовардҳои илму техникаи ҷаҳонӣ бохабаранд.

Ояндаи мо аз ҷавонҳост ва онҳо бояд дар таҳкими сулҳ ва татбиқи технологияҳои нави баҳри пебурди иқтисодиёт саҳмгузор бошанд. Зеро, ман ба нерую қудрати ҷавонони тоҷику тоҷикистонӣ итминони комил дорам.

Хамватанони азиз!

Ватандори як чизи муқаддас аст. «Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайани ҷуғрофӣ нест. Ватан пайванди ногусастании наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо, муҳофизати истиқлолият ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи неки ачдодон, хифз ва гиромидошти меросӣ таърихиву фарҳангӣ ва сайъу талоши доимӣ ба хотири пешрафти давлату миллат ва шукуфоии Ватани аҷдодӣ аст.»

Худдорӣ кардан аз маросимҳои серхароҷот, ки ҳеҷ як иртиботе бо расму русум ва одатҳои ачдодони мо надоранд, вазифаи ватандӯстонаи ҳар яки мо ва идомаи райи истиқлолхоҳии хар як фарди ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.  Чунин хароҷотҳоро кам карда маблағи буҷавии оилавиро барои таҳсили фарзандон, табобату тақвияти бадан ва дигар чорабиниҳои мақсадноки оилавӣ сарф кардан лозим аст. Ман чунин меҳисобам, ки сода кардани расму русуми нонавишта, кӯмаке ба иқтисодиёти ҷумхурӣ ва мардумони камбизоати он  мебошад.

Поянда бод Вахдати миллӣ ва сулҳу амнияти саросари Точикистон!.

Поянда бод Вахдати милли-гарави истиқлолият, иттиҳоди миллӣ ва бунёди ҷомеаи демократию шахрвандӣ!.

Бегазанд бод Вахдати милли — пояи устувори мустақиллияти Ҷумхурӣ.

Бори дигар рӯзи Вахдат ва наҷоти миллатро бароятон муборакбод мегуям хамватанони азиз!

 

Раиси Суди ноҳияи

Қубодиёни вилояти Хатлон

Мамарасулзода С.М.