Вохӯрии раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Н.Ғ. ва раиси Суди ноҳияи Қубодиён муҳтарам Мамарасулзода С.М., бо омӯзгорон, занон, раисони кумитаҳои маҳалла, ходимони дин ва фаъолони ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Вобканди ноҳияи Қубодиён

Санаи 07 апрели соли 2026 бо иштироки Раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Н.Ғ., судяҳои Суди вилоят Муминзода Ҳ., Мирзозода А.,  раиси Суди ноҳияи Қубодиён муҳтарам Мамарасулзода С.М., судяҳои Суди ноҳияи Қубодиён Ҷумахонзода Р.Ҷ. ва Аслонзода С.Х., роҳбарони ташкилоту муассисаҳои  ноҳия,  директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, имомхатибон ва сокинони деҳаи мазкур суҳбату вохӯриҳо баргузор гардид. Зимни вохӯри ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гуруҳҳои эстремистию террористи, пешгирӣ аз бегонапарастӣ, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, ҷавонон, занон, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худкушӣ ва суиқасд ба ҷон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарастӣ бедор намудани масъулияти шаҳрвандӣ, такмили ҳуввияти миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои  таълиму тарбияи кӯдак”  баргузор гардид. Дар ин сӯҳбату вохӯриҳо доир масъалаҳои дар боло зикр гардида раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Н.Ғ., судяҳои Суди вилоят Муминзода Ҳ., Мирзозода А., раиси Суди ноҳияи Қубодиён муҳтарам Мамарасулзода С.М., суханрони намуданд.

Ҳамзамон вохӯрии мазкур тариқи телевизиони давлатии вилояти Хатлон ба навор гирифта шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Иҷрокунанда пристави Суди

ноҳияи Қубодиён

Ҳусейнзода Абдураҳмон Аврод