Сабаб ва омилҳои вайроншавии оилаҳо

Сабабҳои бекоршавии ақди никоҳ дар байни ҷавонон.

Яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеаи имрўза ин ноустувории оилаҳои ҷавон ва кандашавии ақди никоҳ дар байни онҳо мебошад. Воқеан ҳам масъалаи мазкур ҷомеаи на як кишвари мо, балки тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Олимон, мутахасисон ва масъулини мақомотхои давлатӣ дар ин самт аз замони пайдоиши оилаи инсонӣ дар рўи замин то кунун кушиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳарчи зудтар роҳи барҳамхўрии оилаҳои ҷавон гирифта шавад. Масалан мутафаккири юнони қадим Арасту дар ин самт чунин иброз намуда буд, ки «Оила пояи асосии ҷомеа ва давлат аст. Дар давлате, ки устувории оилаҳо зиёд аст, дар он ҷомеаи солим ҳукмфармост». Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлатӣ ҳуқуқбунёд аз зумраи он давлатҳоест, ки баҳри устувории ҳамешагии оилаҳо ғамхорӣ менамояд. Оиди ин масъала дар Конститутсияи кишвар омадааст, ки «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.» (моддаи 33) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вобаста аз ин мақомотҳои давлатӣ махсусан мақомоти судӣ бештар кўшиш ба харҷ медиҳад, ки меъёри мазкури конситутсионӣ дар амал татбиқ гардида, барҳамхўрии оилаҳои ҷавон пешгирӣ карда шавад. Дар фаъолияти судӣ чораҳои қонунӣ баҳри устувории муносибатҳои оилавӣ ва кам кардани барҳамхурии оилаҳо зиёд ба чашм мерасанд. Мисоли ин шуда метавонад, гузаронидани вохўриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум, татбиқи мўҳлати оштишавӣ байни тарафҳо, уҳдадор намудани масъулини мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ғайраҳо оиди андешидани тадбирҳои муфид ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби онҳо.

Сабаб ва шароитҳое, ки оиларо ба барҳамхўрӣ оварда мерасонад, аз ҷониби мутахасисон таҳқиқ гардида, то ҷое муайян карда шудаанд. Аз ҷумла, яке аз сабабҳое, ки бештар ба вайроншавии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад, ин омода набудани тарафҳои барпокунандаи оила мебошад. Вобаста ба ин якчанд омилҳое ошкор гардидаанд, ки омода набудани тарафҳоро дар бастани ақди никоҳ нишон медиҳад. Аввалан, ин паст будани тарбияи оиладории никоҳшавандагон мебошад. Тарбияи инсон, чӣ дар ҷодаӣ оиладорӣ ва чӣ дар дигар соҳаҳои ҳаёт аввалан аз оила оғоз меёбад. Яъне масъули аслии омодагии фарзанд дар бастани ақди никоҳ ин пеш аз ҳама падару модар мебошанд. Падару модар худ мактаби ҳақиқии оиладорӣ буда, ҳар як амал ва ҳар як сухани онҳо барои фарзандон дарс аст. Барои ҳаёти осоиштаву гуворои фарзандон волидайн бояд аз ибтидо ғамхорӣ намуда, кўшиш намоянд, ки пеш аз оиладор намудани фарзандонашон ҳама нозукию вазнинии оиладориро омўзонида, баъдан ба ҳаёти мустақилона қадам мондани онҳоро арзанда ҳисобанд. Маҳз бо мақсади онки тарбияи фарзандон яке аз уҳдадориҳои волидон ба шумор меравад, имрўз дар давлатӣ ҳуқуқбунёди мо қонуне бо номи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунад.

Дуввумин ба синну соли мувофиқ нарасидани никоҳшавандагон мебошад. Беҳуда нест, ки моҳи январи соли 2011 ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийру иловаҳо ворид гардида, синни никоҳиро, ки то ин вақт аз 17 сола буд, онро ба 18 солагӣ иваз намудаанд. Албатта шароити иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо барои то синни 18 солагӣ бастани ақди никоҳ номувофиқ мебошад, зеро таҷрибаҳо нишон додаанд, ки то синни 18 солагӣ никоҳшавандагон чӣ аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва чӣ аз ҷихати ақлонӣ пурра инкишоф наёфта, бори гарони зиндагиро мустақилона бардошт карда наметавонанд.  Аз ин рў, ин омил ҳам аксаран боиси вайроншавии оилаҳои ҷавон мегардад.

Дигар сабаби вайроншавии оилаҳои ҷавон ин пинҳон мондани бемории тарафи никоҳшаванда то баъди никоҳ мебошад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки баъзан бемории то бастани ақди никоҳ; пинҳонмондаи тарафи никоҳшаванда сабаби барҳамхўрии оилаи ҷавон мегардад. Хуб мешуд, ки пеш аз бастани акди никоҳ тарафҳои никоҳшаванда аз вазъи руҳию ҷисмонии якдигар пурра бохабар шуда, баъдан барои бастани акди никоҳ розигӣ медоданд. Масалан, бемориҳои сироятии табобатнашаванда, импотенсия, беморихои асаб ва ғ.

Дахолати шахсони сеюм ба муносибатҳои оилавӣ низ яке аз сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон мебошад. Ин ҳолат дар таҷрибаи судӣ хеле зиёд ба чашм мерасад. Аксари оилаҳо ба таъсири манфии хусуру хушдоман, бародарону хоҳарони ҳамсар ва дигар хешу ақрабо тоб наоварда барҳам мехўранд. Ин ҳолат низ танзими оилавии худро талаб мекунад. Воқеан ҳам ҳастанд падару модароне, ки худашон мактаби дурусти оиладориро аз cap нагузаронда, бар ивази кўшиши устувор нигоҳ доштани оилаи фарзандашон боз манфиатҳои шахсиашонро волотар дониста, кинаю адоватро байни навоиладорон  парварида, роҳҳои ҷудо кардани онҳоро меомўзанд. Ҳар як фарде, ки оила барпо менамояд ; дар ҷомеа ў аллакай аъзои мустақил ҳисобида шуда, бояд муносибатҳои оилавиашро мустақилона идора намуда, андешакорона рафтор намояд.

Яке аз сабабҳои бекор шудани акди никоҳ байни ҷавонон дар он аст, ки шахсони оилабарпокунанда қабл аз бунёди оила якдигарро намебинанд ва хислатҳои ҳамдигарро дуруст аз худ карда наметавонанд, ки дар натиҷа бинобар бо ҳам мувофиқ наомадани хислатҳояшон имконияти давом додани оиладориро пайдо карда наметавонанд.

Ба ҷуз аз он, таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар аксаран ҳолатҳо сабабгори асосии вайроншавии оилаҳои ҷавон ин паст будани шароити иктисодии тарафҳо ва муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои хориҷӣ мебошад. Зеро ҷавонон пас аз барпо намудани оила барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои дигар рафта, дар онҷо оилаи дигар барпо менамоянд, ки ин амалҳо боиси вайрон гардидани оилаи онҳо мегарданд. Ҳатто баъзе аз онҳо тавассути телефонӣ ба тариқи динӣ аз ҳам ҷудо шуда, дар натиҷа боиси сарсониву саргардонии, пеш аз ҳама занҳо ва аз тарбияву таъмин дур мондани кўдакони аз зиндагии якҷояи онҳо ба дунё омада мегарданд.

Ҳадаф аз ин дар он аст, ки бо истифода аз тамоми роҳу усулҳо, бо мақсади фаҳмондадиҳи дар байни аҳолии ноҳия, аз ҷумла ҷавонон, ки минбаъд барои пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон равона мегарданд, ба манфиати кор мебошад. Зеро вайроншавии оила ба генафони миллати мо таъсири манфӣ расонида, пешгирӣ накардани он метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад.

Раиси Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон

                                                                                                   Мамарасулзода С.М.