Табрикот ба муносибати Иди байналмилалии наврўз.

Навруз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рузҳои баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад. Миллати куҳанбунёд ба фарҳангсолори точик иди Наврузро ҳануз аз аҳди давлатдории Ҷамшед истиқбол намуда, бо вуҷуди нобарориҳо ва истилои харобкоронаи аҷнабиён дар ҳама давру замонҳо бо ифтихори беандоза ва шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирифт. Иди наврузро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳори оӻоз меёбад. Ҷашни шукуҳи табиат ва овони аз нав зиндашавӣ гуфтаанд. Воқеан Навруз давраест, ки Замин ба меҳвари Офтоб баромада рузу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро руҳу равони тоза бахшида ба ояндаи нек, рузӻори обод ва пешрафту созандаги ҳидоят мекунад. Аз ин хотир халқи тоҷик ин иди муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда бетарин орзуву ормонҳои худро бо Наврузи хуҷастапай пайванд мекунад. Муҳимтар аз ҳама дар остонаи иди Навруз мардум бо меҳру шавқат ба якдигар оӻӯш мекушоянд, беморон ва пирони барнодили нурониро зиёрат менамоянд, ба ятимону бепарасторон кӯмак мерасонанд ва амалҳои неку писандидаро вазифаи муқаддас ва қарзи инсони хеш меҳисобанд. Дар чунин шароит Навруз чун сулҳу ороми- пиндору гуфтору кирдори нек ва дустиву ҳамкории халқҳо моро ба сӯи рӯзгори бехушунат, сулҳу субот ва кушиш барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад. Идома бахшидан ба ин суннатҳои неки аҷдоди барои баланд бардоштани сатҳи маърифти ҷавонон фаҳмонида ба меҳнату зиндагии солим густариши рафтору ахлоқи ҳамидаи бузургдошта, анъанаҳои неки ниёгон фарҳанги худшиносиву ватандустӣ, ифтихори миллӣ ва пешрафти гул – гул шукуфоии кишвари азизамон мусоидат мекунад. Боиси сарфарозист, ки дар як вақти кӯтоҳи таърихӣ бо вучуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа саъю талоши бунёдкорӣ авҷ гирифти ин раванди нек боиси такмили мақому нуфузи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ бо заҳмату кӯшишҳои бе воситаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Тақозо менамоянд, ки ҳар як фарди бонангу номуси кишвар бунёдкориву созандагиро ба меъёри зиндагии ҳаррузаи худ табдил дода бо нерӯи дучанд барои ободонии Ватани азизамон саъю талош намояд. Ба ҳамин хотир таманиёти неки худро бори дигар ба ҳамаи мардуми халқи тоҷик ва мардуми саодатманду соҳибфарҳанги Тоҷикистон ҷашни фархундаи Наврузи аҷамро табрик гуфта ба хар як хонадони тоҷик иқболи нек, рузгори осуда ва файзу баракати наврузиро таманно дорам.

Наврузи имсола барои ҳар яки мову шумо бахту саодат файзу баракат, хонаободӣ ва иқболу комёбии беохирро биоварад.

Пристави судии суди

ноҳияи Қубодиён                                                                                            Ҳусейнзода Абдураҳмон Аврод