Вохӯрии гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сокинону фаъолони ноҳияи Қубодиён бо иштироки Директори маркази таълимии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии дараҷаи 1, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ – Завқизода Солеҳ Амин ва судяхои Суди нохияи Ќубодиён.

Санаи 25.04.2023 сол дар бинои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Ќубодиён вохӯрии гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сокинону фаъолони ноҳияи Қубодиён бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, шоира — Рудобаи Мукаррам,  муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпрокурори ҳарбӣ, полковники адлия Зоирзода Икром Оймаҳмад, Директори маркази таълимии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии дараҷаи 1, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ – Завқизода Солеҳ Амин, Сардори Раёсати огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия — Бухоризода Мансур Ғоиб, муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷотзода Мутеулло, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Чоршанбезода Сураҷ ва муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Дилшод Ёров.

Иштирок намуданд Иброҳимзода И.И. – судияи суди ноҳияи Ќубодиён, Раҳмонзода А. Х. – прокурори ноҳия, Сайфуллозода З. Д. – сардори ШВКД дар ноҳия, Исоев И. – сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия муовини якум, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳарк ва деҳоти ноҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, директорони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёну хоннадагони гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Р Ӯ З Н О М А И  М А Ҷ Л И С

Оид ба пешгирии омилҳои гаравиши ҷавонон ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва таассуби динӣ

 

Маҷлисро раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ кушода ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ва меҳмонон шинос намуд.

Сипас сухан ба раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, шоира — Рудобаи Мукаррам дода шуд.

Номбурда аз рӯи масъалаи рӯзномаи маҷлис баромад намуда, изҳор дошт, ки авзои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рӯйдодҳои сиёсиву геополитикии минтақа моро водор менамояд, ки баҳри ҳифзу пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва осудагии мамлакат дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш муттаҳид гардида, неъматҳои чун истиқлол ва ваҳдати миллиро ҳачун гавҳарки чашм ҳимоя намоем.

Дар ин самт ҳамкории ҷомеа бо ниҳодҳои дахлдори давлатӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи касбии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ, мусоидат ба воситаҳои ахбори омма дар ташаккули ҷаҳонбинии муосир, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа ва пешбурди ташвиқоти зидди террористию экстремистӣ зарур буда, танҳо бо ин роҳ метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар идома муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпрокурори ҳарбӣ полковники адлия Зоирзода Икром Оймаҳмад баромад намуда, қайд намуд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, таъмини зиндагии шоистаи сокинондар сатҳи қонунгузорӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида, дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабали барномаву стратегияҳо қабул намуда, дар доираи амалишавии онҳо чорабиниҳои пешгирикунанда ва дигар тадбирҳои дахлдорро пешбинӣ намудааст, ки татбиқи онҳо ба пешгирии зуҳуротҳои номатлуб мусоидат менамояд.

Ҳамчунин номбурда дар идомаи суханронии худ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ таъкид намуда, қайд карда, корҳои фавҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо иштироки фаъолони ноҳия пурзӯр карда шавад.

Дар давоми маҷлис сухан ба директори маркази таълимии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии дараҷаи 1, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ – Завқизода Солеҳ Амин дода шуда, номбурда дар баромади худ қайд намуд, ки як қатор ташкилоту ҳаракатҳо бинобар сабаби фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва таҳдид ба амният ва суботу осоиштагии кишвар фаълияташон дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шудааст. Бинобар ин, падару модарон ва масъулонро зарур аст, ки барои ба доми фиреб ва гирифтори ҳадафҳои ғаразноки онҳо нашудани насли ҷавон дар якҷоягӣ фаъолият ва ҳамкорӣ намуда, дар ин самт ҳамавақт зиракиву ҳушёрии сиёсиро ҳифз намоем.

Дар идома сухан ба сардори Раёсати огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия — Бухоризода Мансур Ғоиб дода шуда, номбурда изҳор дошт, ки ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар замири ҷавонон бояд дар муассисаҳои таълимӣ ва хона ба вуҷуд оварда шавад. Падару модар, ки дар баробари омӯзгор масъули таълим ва тарбияи фарзанди худ мебошанд, зарур аст, ки фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хизмат ба халқу ватан ва саҳми худро дар корҳои ободонӣ гузоштан тарбия намоянд. Ҳамчунин қайд гардид, ки дар давоми се моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 37 ҳолати худкушӣ дар байни ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки ҳолатҳои мазкур моро водор мекунад, ки корҳои фаҳмондидиҳиро бобати пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз қабили даст ба худкушӣ задан, оворагардӣ, ҷинояткорӣ, пешгирии беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ кард, бо кормандони педагогӣ ва кормандони муассисаҳои кӯдакона доир ба масъалаҳои муқовимат бо экстремизм ва терроризм машғулиятҳо ва курсҳои омӯзиши ташкил карда намуда, назорат ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” пурзӯр карда шавад.

Сипас сухан ба муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Чоршанбезода Сураҷ Сайнак дода шуда, номбурда қайд намуд, ки 70 дарсади аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил дода, ҳукумати мамлакат дар тамоми соаҳои хоҷаги халқи ҷумҳурӣ ба ин қишри фаъоли ҷомеа такя мекунад. Ҳамчунин бо ташаббаси Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби давлати ва Ҳукумати мамлакат баҳри дастгирии қишри ҷавони аҳолии мамлакат табдирҳои судманд роҳандозӣ гардида, барои ҳавасмандгардонии онҳо ҳамасола маблағи стипендияи президентӣ барои наврасону ҷавонон боло бурда мешавад. Аз ҷумла дар ноҳияи Қубодиён 61 нафар хонандагону донишҷӯён ба гирифтани стипендияи президентӣ ноил гардидаанд.

Дар идомаи маҷлис сухан ба муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷотзода Мутеулло дода шуд. Номбурда изҳор дошт, ки гурӯҳҳои ғаразнок амалҳои номатлуби худро аз номи дини ислом нишон дода, бо ин роҳ мехоҳанд, ки ин дини покро бадном намуда, шараф ва эътибори пайравони онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ коста созанд. Бинбар ин, ходимони диниро зарур аст, ки барои тарбияи насли ҷавон, нигоҳ доштани ризоияти байнимазҳабӣ дар ҷомеа бо роҳи қабули тадбирҳои иловагӣ доир ба баланд бардоштани фарҳанг ва саводнокии динии аҳолӣ, таҳкими фазои таҳаммулгароӣ дар муҳити динӣ ва эҳтиром ба ҳама дину мазҳабҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Сипас сухан ба муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Дилшод Ёров дода шуда, номбурда изҳор дошт, ки гурӯҳҳои терористӣ ва экстремистӣ бо роҳу усулҳои гуногун, аз қабили истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои электронӣ ҷавонони ноогоҳро ба доми худ дароварда, ба ин восита ақидаҳои ғаразноки худро ба онҳо талқин менамоянд. Бинобар ин, падару модар ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки бо назорати истифодаи воситаҳои электронӣ ва шабакаи интернетро аз тарфи фарзандон таҳти назорати қатъӣ қарор дода, дастовардҳои технологии замонавиро ба манфиати худ ва ҷомеа ба кор баранд.

Ҳолати дигари нигаронкунанда, таҳсилоти ғайриқонунии динӣ дар муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷӣ мебошад, ки дар онҳо ба зеҳни шаҳрвандон ақидаҳои ифротиро ҷо намуда, онҳоро ба кирдорҳои номатлуб ва ноором сохтани авзои ҷомеа водор месозанд. Бинобар ин, фаъолонро зарур аст, ки барои баргардонидани нафароне, ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои динии хориҷа таҳсил мекунанд, ҳамкриро бо сохторҳои далдор пурзӯр намуда, барои таъмини ҳаёти осоиштаи онҳо саҳмгузор бошанд.

Сипас раиси маҷлис аз иштирокчиён бобати таклифу пешниҳодҳо ва саволҳо даъват намуд. Дар навбати худ муовини сархатиби ноҳия Аъзамов Фазлиддин ба сухан баромада, аз меҳмонон барои ироаи маърузаҳои пурмазмун изҳори миннатдорӣ намуд. Номбурда вохӯрии баргузоргардидаро барои тарбияи тафаккури солими ҷомеа судманд арзёбӣ намуда, таклиф намуда, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши сокинон дар самти шинохти асолати миллӣ, худогоҳиву ватандӯстӣ ва ҳифзи ҳушёриву зиракии сиёсӣ чунин вохӯриҳо мунтазам баргузор карда шавад.

Таклифи мазкур аз ҷониби раёсати маҷлис пазируфта шуда, қобили қабул дониста шуд.

Дар поёни маҷлис раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ қайд намуд, ки баромадҳои маърузачиён воабста ба масъалаи рӯзномаи маҷлис ба мақсад мувофиқ буда, барои амалисозии таклифҳо ва пешниҳодҳои зикргардида тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад.