Вохӯрии раис ва кормандони суди ноҳияи Қубодиён бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимии ноҳия, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин пурзур намудани корҳои амалӣ бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда, инчунин сарҷамъона мубориза бурдан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву тероризм.

Санаи 16 апрели соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Қубодиён бо мақсади иҷрои бандҳои нақшаи кории Суди ноҳияи Қубодиён, дар асоси нақшаи чорабинии дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки раис ва кормандони суди ноҳияи Қубодиён бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимии ноҳия вохӯрии судман доир ба фаҳмонидани моҳият ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ”, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтироми қонунҳо, пешгири шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҷараёнҳои иртиҷоӣ, худкушӣ ва суиқаст ба ҷони худ ва мубориза бурдан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву тероризм, инчунин оид ба даъвати ҷавон писарон ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар вохӯрии мазкур Раиси Суди ноҳия муҳтарам Мамарасулзода С.М., баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд.

 

Иҷрокунанда

Пристави Суди ноҳияи Қубодиён

Ҳусейнзода А.А.