Тамошои дастаҷамъонаи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон

Имрӯз 28.12.2023 сол дар Суди ноҳияи Қубодиён тариқи оинаи нилгун паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, раиси Суди ноҳияи Қубодиён муҳтарам Мамарасулзода С.М., судяҳо Иброҳимзода И.И., Аслонзода С.Х., ва кормандони дастгоҳи суд тамошо намуданд. Баъди ба итмом расидани паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид, раиси суд муҳтарам Мамарасулзода С.М., иброз намуданд, ки суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паём зикр намудаанд сармашқи кори худ қарор дода шавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Иҷрокунанда,

Пристави Суди ноҳияи Қубодиён

Ҳусейнзода Абдураҳмон