25-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

БАХШИДА БА 25-УМИН СОЛГАРДИ РЎЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистона 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раипурсии умумихалқӣ аз ҷониби халқ бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ баҳри ояндаи соҳибихтиёрии давлат қабул гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, нахустин қонуни асоси давлати соҳибистиқлоли тоҷикон маҳсуб меёбад, ки пас аз заволи давлати Сомониён таҳия шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқуқии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Аз инҷост, ки маҳаки асосии онро асосҳои сохтори конститутсионӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил додаанд, зеро Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихӣ ворид гардида, конститутсия барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ заминаи ҳуқуқиро фароҳам овард. Инсон чун арзиши асосии бунёдгузору созанда дар меҳвари ин санади ҳуқуқӣ қарор гирифт, ки ин дар шинохти давлати тозабунёди тоҷикон ва нуфузи сиёсиаш дар арсаи байналмилалӣ нақши муасир бозид. Агар интихобан ба баъзе бобҳо ва моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, бараъло эҳсос ва эътимод мекунем, ки воқеан, ин санад чун яке аз беҳтарин конститутсияҳои демократии ҷаҳонӣ ба шумор рафта, аз ҷониби коршиносону созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ҳамчун Коститутсияи беҳтарин ва демократиасос эътироф шудааст.
Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Зарурияти тағйиру илова ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ин рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо намуд, ки меъёрҳои конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои конститутсия дар навбати худ талаб намуд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағийротҳои конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат намуд. Инчунин, зарурияти дигари тағийру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама рушди забони давлатӣ, ба инобат гирифтани қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, водор намуд, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳо ва ибораю калимаҳои он мукамал гардонида шуда, вожаю тартибот тибқи меъёрҳои дақиқ навишта шаванд.
Давраи пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан давраи амалӣ гаштани меъёрҳои он аст. Конститутсия, ки худ ҳуҷҷати барномавӣ барои даҳсолаву садсолаҳост, дар як муддати кўтоҳ пурра амалӣ намешавад. Конститутсия ба мўҳлати дарозмуддати таърихӣ қабул шуда, давра ба давра, якҷоя бо фароҳам гаштани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, пешрафти кишвар, афзудани иқтидори иқтисодии мамлакат амалӣ мешавад. Аз ин рў амалӣ гаштани меъёрҳои Конститутсия тамоми давраҳои инкишофи конститутсионии кишварро фаро мегирад. Ин хислати ҳамаи конститутсияҳои дар воқеъ демократӣ ва тақдирсози миллатҳои мухтлифи ҷаҳони мутамаддин аст. Масалан, Конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико беш аз 200 сол аст ки амалӣ мешавад. Инкишофи конститутсионии Фаронса, Португалия, Олмон, Мексика ва даҳҳо кишварҳои дигари ҷаҳон низ таърихи тўлонӣ дорад.
Халқи Тоҷикистон Конститутсияи хешро зимни муқаддас эълон намудани озодӣ ва ҳуқуқ шахс қабул намудааст. Ин мароми халқ дар дебочаи Конститутсия ифода гашта, далел ба ин аст, ки халқи мо мисли халқҳои ҷаҳони мутамаддин аз ҳуқуқу озодиҳои дахлнопазир ва фитрӣ бенасиб буда наметавонад. Агарчанде андешаи ҳуқуқҳои фитрии инсон дар шакли қонунӣ аввал дар мамолики Ғарб ифода гаштаанд, вале набояд фаромўш кард, ки аҷдодони мо ҳанўз дар аҳди Ҳахоманишиён, дар қарни панҷуми пеш аз мелод дар Эъломияи Куруши Кабир нахустин бор аз ҳуқуқҳои инсон ҳарф зада буданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин санади конститутсионӣ дар таърихи тоҷикон мебошад, ки аз ҷониби худи халқ, бевосита дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Онро халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи аҳолии кишвар, дарку эҳсоси таъмину ҳимояи соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он қабул намудааст. Ин меъёри воқеан таърихӣ дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардида, мазмуни ғанӣ ва аҳамияти дар воқеъ калони таърихӣ дорад. Халқи Тоҷикистон Конститутисяи хешро қабул намуда, дар пурра амалӣ гаштани он масъул ва вазифадор аст. Амалӣ гаштани Конститутсия ва меъёрҳои он аз меҳнати ҳамарўза ва пурсамари шаҳрвандон, масъулиятшиносӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори созандагиву ободонии кишвар, дарки ҳимояи музаффариятҳои соҳибистиқлолӣ вобастагии калон дорад.
Ҳамзамон давлат, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор аз амалӣ гаштани Конститутсия дар канор буда наметавонанд. Давлати Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро таъмин менамояд, гуногунии равияҳои сиёсӣ ва мафкуравиро таъмин мекунад, дар заминаи таҷзияи шохаҳои ҳокимияти даватӣ амал мекунад, Конститутсия ва қонунҳои давлатро риоя ва иҷро мекунад, сиёсати сулҳҷуёнаро татбиқ мекунад, ба иттиходияҳо ва ташкилотҳои байналхалкӣ ворид мешавад, бо кишварҳои хориҷӣ робита менамояд, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад, истифодаи самараноки замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва диагр боигариҳои табииро кафолат медиҳад, шаҳрвандиро танзим мекунад, ба ҳар кас, қатъи назар аз милат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодҳоро кафоат медиҳад. Ин ва дигар вазифаҳои муҳими давлати Тоҷикистон дар меъёрҳои ҷудогонаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода гаштаанд. Аз ин рў, дар амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсия ҳам шаҳрвандон, якҷоя бо иттиҳодияҳои ҷамъиятияшон, ва ҳам давлат, якҷоя бо мақомоти давлатӣ, саҳми баробар доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, иттиҳодияҳои онҳо, давлат, мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор дар амалӣ гаштани ҳамаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини инкишофи конститутсионии кишвар дар чорчўбаи адолат ва қонун масъул ва вазифадоранд.
Волоияти Конститутсия ва қонунҳо, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти шахс, ҷомеа ва давлат, иқтидори мудофиавии давлат танҳо дар натиҷаи иҷрои софдилонаи вазифаҳои конститутсионӣ аз ҷониби хар шаҳрванд, шахси мансабдор, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизби сиёсӣ имконпазир мегарданд. Аз ин рў Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат ва ҳамаи мақомоти онро, шахсони мансабдор, шахрвандон ва иттиходияҳои онҳоро вазифадор намудааст, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.
Аз қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол сипари мешавад. Дар ин мудати кутоҳи таърихи дар натиҷаи саъю кушишҳои фарзанди фарзонаи миллат президенти мардумии мо Асосгузори сулҳу ваҳдати мили-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин дар натиҷаи саъю кушишҳои зиёди мардуми бо нангу ор аз ҷиҳати зиндагии осоишта сулҳу суббот рушду тарақиёт ва дастовардҳои фарҳангӣ, давлати мо дар арсаи байналмилали нуфузу мақоми шоистаро ишғол намуд.
Дар ин раванд сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар, бахсус ҳокимияти судиро зарур аст, ки бештар аз ҳама дар ҳифзи арзишҳои истиқлолияту ваҳдати миллӣ фаъол бошанд. Феълан ҳокимияти судии кишвар ҷиҳати таъмини адолати томи иҷтимои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, муассисаву корхона ва ташкилоту созмонҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид.
Мо бояд дар чорчубаи конститутсия ва тартиботи ҳуқуқи зиндаги карда ва барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кушиш намоем ва мардум хусусан наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандустиву хештаншиноси ва эҳтирому риояи қонун тарбия кунем.
Дар охир ҳамаи Шуморо ба ифтихори 25-умин солгарди рўзи қабули Конститутсия табрику муборакбод гуфта, орзуманди рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз мебошам ва дар фаъолияти корӣ ва рўзгори ҳамарўзаи ҳар яки Шумо муваффақияту комёбӣ тамано мекунам.

Котиби маҷлиси суди
суди ноҳияи Қубодиён                                                           Обидов А.А.