8-МАРТ РЎЗИ МОДАРОН!

8-МАРТ РЎЗИ МОДАРОН

          Дар оғози фасли баҳор фаро расидани рўзи модар-ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба кули сокинони диёрамон, бахусус модарону бонувон ва духтарони Ватани маҳбубамон самимона табрик гуфта, барои ҳар яки онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям.

Имрўзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дўши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташабусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.

Ҳамчунин онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадоронро шараф ва номуси хеш шуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан-модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдўсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.

Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.

Занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандон кушиш намуда онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмони ва маънави солим ба қадру манзалати падару модар Ватан ва таъриху тамадуни миллати худ хизмат мекунад.

Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парастори ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзанди худ онҳоро дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияти ифтихори миллӣ ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.

Мо ба Шумо, занону модарон ва хоҳарону духтарони меҳрубон, ҳамчун қувваи бузурги ҷомеа боварию эътимод доремва аз Шумо тарбияи фарзандони содиқи Ватан ва миллат ободонии кишвари азиз ва дигар иқдомҳои неку шоистаро интизорем.

Ҳамаи занону модаронро ба ифтихори бузургдошти Рўзи модар самимона табрик гуфта бароятон саломативӣ, хушбахтиву созандагӣ ва рўзгори ободу осуда орзу менамоям

Идатон муборак модарону хоҳарони азиз!

Пристави судии

суди ноҳияи Қубодиён                                                                      Ҳусейнзода А.А.