БАРДОШТ АЗ ПАЁМ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳарсола муҳимтарин марҳилаҳои рушд, омилҳои пешрафт ва дурнамои ояндаи мамлакатамонро фаро гирифт. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи сарвари давлат пеш аз ҳама ба падидаҳои фарҳангӣ ва таърихии халқ ва дар ин замина рушд бахшидани деҳот,саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нигаронида шуд. Мо аз нуқтаҳои Паём дарёфтем, ки танҳо дар соли 2018 дар кишвар 150 ҳазор ҷойи кор муҳайё шудааст, ки ин аз болоравии соҳаҳо ва сатҳи зиндагии мардум башорат медиҳад. Шиори Пешвои миллати мо таъмини зиндагии шоиста ва некуаҳволии мардум буда, ба халқ содиқона хизмат кардан аст. Вақте, ки ман суханронии Пешвои муаззами миллатро дар таърихи 26 декабр аз оинаи нилгун тамошо намудам, қалбамро як фараҳмандие фаро гирифт, зеро пешравиҳо аз Паём то Паём назаррасанд.
Пешвои миллат дуруст тазаккур доданд, рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода шаванд.
Тавре ки маълум аст, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад.
Бинобар ба охир расидани муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009–2019 зарур мешуморам, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад, омадааст дар Паём.
Пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дар пеш истода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад.
Зарур аст, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Бо ин мақсад, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 таҳия ва пешниҳод созанд.
Дар Паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам,таъкид доштанд Сарвари давлат.
Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст.
Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост.
Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаро миллӣ, қочоқу муомилоти ғайри қонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.
Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.
Пешвои миллат эътимодашонро нисбат ба масъулони ҳар як соҳа чунин баён доштанд, ки ин ҳам боиси сурур ва сарчашмаи масъулиятҳои ҷаддид аст.
Судяи Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон
Назариён А.Н.