Бинои Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон куллан симои худро дигар намудааст.

Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон тибқи супориши Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён  таҳти №520-16/1-18 аз 31 майи соли 2018 бо мақсади таъмини иҷрои банди 10 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2018 таҳти №5 ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия дар гирду атрофи бинои суди ноҳия 23 адад чароғакҳои равшандиҳандаи ороишии замонавӣ насб карда, бинои суд бо панҷараҳои ороишӣ иҳота карда шуда, бинои суди ноҳия куллан симои худро дигаргун кардааст.

                                                                                  Ҳамзамон дар суди ноҳия ҳар моҳ рӯзҳои шанбе (вобаста ба обу ҳаво) аз ҳисоби ҳамаи кормандони суди ноҳия шанбегиҳо ташкил карда шуда истодааст.