Таҷлили ҷашни Сада дар ноҳия

Санаи 19 январи соли 2020 сокинони ноҳияи Қубодиён ҷашни Садаро бо шукӯҳу шаҳомати хос ва рӯҳи болида пешвоз гирифтанд.
Ба ин муносибат дар назди қасри фарҳанги ноҳия чорабинии идона бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ярмаркаи ниҳол, маҳсулоти кишоварзӣ ва гулу буттаҳо баргузор гардид, ки дар он аз тамоми гӯшаву канори ниҳоя сокинон ҷамъ омада, аз намоиши маҳсули дастони ҳунармандони ноҳия дидан намуданд.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуда, ҳозиринро ба ифтихори ин ҷаши қадимаи миллӣ табрик намуда, изҳор доштанд, ки ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва рафтани нимаи зимистон буда, ба мардум муждаи нахусти баҳорро оварда, деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамояд.
Инчунин дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷриояи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок намуда, табрикоти раиси вилоят муҳтарам Ҳакимзода Қурбонро ба мунсибати ҷашни Сада ба самъи сокинон расонид.
Барномаи рангини бахши фарҳанги ноҳия хотимабахши ин чорабинӣ гашт.