Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи оила дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён.
Санаи 15 майи соли 2024 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён вохӯрии судманд бо ҷавонон, занон, бахшида ба рӯзи оила гузаронида шуд. Дар вохӯрии мазкур раиси ноҳия Қубодиён муҳтарам Сабурзода М.А., раиси Суд муҳтарам Мамарасулзода С.М., инчунин дигар роҳбарони ташкилотҳо иштирок намуданд.
Дар вохӯрии мазкур Раиси Суди ноҳия муҳтарам Мамарасулзода С.М., вобаста ба рӯзи оила баромад намуда, иброз намуданд, ки бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳо ҷомеаи муосир яке аз талаботҳои асосии пешрафти ҷомеаи муосир буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии онҳо чораҳои доимӣ бояд андешида шаванд. Дар анҷоми маҷлис оилаҳои намунавӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ичрокунанда
Пристави Суди ноҳияи Қубодиён
Ҳусейнзода А.А.