Вохӯрии Вазири меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суд, роҳбарони мақомотҳои ноҳия, бо омӯзгорон, занон, раисони кумитаҳои маҳалла, ходимони дин ва фаъолони ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Вобканди ноҳияи Қубодиён

Санаи 17 феврали соли 2026 бо иштироки Вазири Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа, раиси Суди ноҳияи Қубодиён Мамарасулзода Саидҷафар Мамарасул, раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои  ноҳия,  директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, имомхатибон ва сокинони деҳаи мазкур сӯҳбату вохӯриҳо баргузор гардид. Зимни вохӯри ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гурӯҳҳои эстремистию террористи, пешгирӣ аз бегонапарастӣ, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, ҷавонон, занон, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худкушӣ ва суиқасд ба ҷон, баланд бардоштани ҳисси ватандусти, ватанпарастӣ бедор намудани масъулияти шаҳрвандӣ, такмили ҳуввияти миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои  таълиму тарбияи кӯдак”  баргузор гардид. Дар ин сӯҳбату вохӯриҳо доир масъалаҳои дар боло зикр гардида суханрони намуданд. Инчунин тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, муқовимат бар зидди коррупсия, ҳифзи марзу буми Ватани худ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.

 

 

 

 

 

Иҷрокунанда

Пристави суди ноҳияи Қубодиён

Ҳусейнзода А.А.