Баргузории мурофиаи сайёри суд дар Ҷамоати деҳоти Вобканди ноҳияи Қубодиён бо парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 164-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раисони кумитаҳои маҳалаҳо ва фаъолони Ҷамоати номбурда

Санаи 13 феврали соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Вобканди ноҳияи Қубодиён судяи Суди ноҳияи Қубодиён муҳтарам Аслонзода С.Х., парвандаҳои ҷиноятиро бо моддаи 164-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҷлиси ошокорои сайёри суд бо иштироки  раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва фаъолони Ҷамоати номбурда баррасӣ намуда, дар доираи қонун нисбати судшавандаҳо ҷазои сазовор таъин кард. Пас аз ба анҷом расидани мурофиаи судӣ, судяи Суди ноҳия муҳтарам Аслонзода С.Х., вобаста ба моҳияити Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак » ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон судя бо фаъолони ноҳия вохӯрии судманд бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва эҳсосоти ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи урфу одат ва анъанаҳои ниёгон ва дар ин замина пешгирӣ намудани ҳолатҳои тақлид ба фарҳанги бегона, инчунин пурзур намудани корҳои амалӣ бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ва сарҷамъона мубориза бурдан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву тероризм, инчунин оид ба даъвати ҷавон писарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

 

 

 

 

Иҷрокунанда

Пристави Суди ноҳияи Қубодиён

Ҳусейнзода А.А.