Баргузории мурофиаи сайёри суд, дар Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён бо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қисми 1, моддаи 479-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 04 феврали соли 2026 дар бинои Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён Раиси Суди ноҳияи Қубодиён муҳтарам Мамарасулзода С.М., парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро бо қисми 1, моддаи 479-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолон ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳо баррасӣ намуда, дар доираи қонун нисбати ҳуқуқвайронкунандаҳо ҷазо таъин карда шуд.
Пас аз эълон намудани қарорҳои суд, раиси суд бо фаъолони ноҳия вохӯрии судманд бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳамзамон вобаста ба сарфакорона ва эҳтиёткорона истифода бурдани қувваи барқ, ки яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеа ба ҳисоб меравад бо ҳозирини ҷамъомад сӯҳбату вохӯриҳо доир гардид.
Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки корҳоро дар самти ташфиқу тарғиб боз ҳам хубтар ба роҳ монда, таъмини иҷрои барномаҳо ва стратегияҳои миллиро бо сифати баланд анҷом диҳад.

Суди ноҳияи Қубодиён 
