Конститутсия — кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Дар ҷомеаи имрўза яке аз масъалаи маркази ва асосии давлатҳои муосир ин кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Хусусан кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар шароити давлати демократи ва ҳуқуқбунёд хеле муҳим аст. Ҳар як давлат мувофиқи вазъ ва шароити ҷомеаи худ таъмин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад. Мувофиқи қисми сеюми моддаи 5 Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар он давлат мавҷуд аст,ки пеш аз хама он давлати ҳуқуқбунёди демократи бошад. Дар чунин давлат натанҳо қонуният расмист, инчунин нигоҳдошти тартиботи ҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин мекунад, эътирофу эҳтироми таъмини онҳо асосёфта мебошад.

Аз аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд чунин бармеояд, ки дар он пеш аз ҳама волоияти қонун нуфузи он ва аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлати, ашхоси мансабдор, ташкилотҳои ҷамъияти, коллективҳо ва шаҳрвандон риоя шудани қонунро дар назар дорад,ки ҳамаи онҳо дар назди қонун баробаранд. Конунҳо бо адолат асос ёфта ба ҳимояи озоди, шаъну эътибор,қадру қимати шахсият ва кафолатҳои таъмини онҳо асос меёбанд.

Дар давлати ҳуқуқбунёд ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эътироф гардида, кафолат дода мешаванд,ки ин кафолатҳо дар асоси ташкили ҳокимияти давлати принсипи таксимшавӣ ба ҳокимияти қонунбарор иҷроия ва суди амали гардонида мешавад. Дар давлати ҳуқуқбунёд имконияти дар доираи қонун ҳимоя кардан ва ташфиқу тарғиб намудани ақидаву эътиқодҳои худ кафолат дода мешавад,ки ин аз ҷумла дар ташаккулёби ва амал кардани ҳизбҳои сиёси, иттиҳодияҳои ҷамъияти, озодии матбуот ва ғайра ифодаи худро меёбад.

Кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳар як давлат дар қонуни асосии худ ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқу муқаррар мекунад.

Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқ озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебарад. Алалхусус яке аз воситахои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқи мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд санадҳои меъёри ҳуқуқии зиёдеро қабул намудаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи тамоми қонунгузориҳои кишвар мебошад,ки амали гаштани ҳуқуқ ва озодиҳо ҳам ба шахс ва ҳам ба лаёқати ҳуқуқдонии ў вобаста бударо амали гардонида ва шароит муҳайё месозад. Кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия дар шаклҳои гуногун ифода ёфтааст. Мувофиқи муқаррароти қисми сеюми моддаи 5 ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф,риоя ва ҳифз менамояд. Дар моддаи 14 эълон карда шудааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналхақии, ки аз тарафи Тоҷикистон пазируфта шудаанд, ҳифз карда мешаванд.

Кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия бевосита ҳамчун усул ва воситаи тадбиқи ҳуқуқҳои муайяни ҷудогона муқаррар гардидааст. Дар соҳаҳои ҷудогонаи ҳуқуқ бошад, кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба тарзи муфассал ба танзим дароварда шуда, роҳҳои татбиқашонро муайян мекунанд.

Дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавқеи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ: суд, прокуратура, мақомоти корҳои дохилӣ калон аст. Хусусан вазифаи асосии суд-баамалбарории адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахс то рафт мавқеи калон пайдо мекунад. Дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳми иттиҳодияи онҳо низ бузург аст.

Татбиқи ҳуқуқу озодиҳо ва иҷрои вазифаҳои ҳуқуқӣ, донишу маълумоти ҳуқуқиро тақозо менамояд. Аз ин рў, мақомоти давлатию ҷамъиятии таъмину тарбия бояд ҳар як шахсро аз овони хурди сар карда, ба асосҳои ҳуқуқ шинос намояд, роҳу воситаҳои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳояшонро омўзонанд.

Дар натиҷаи баррасии масъалаи мазкур мо ба чунин хулоса омадем, ки:

  1. Кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шаклҳои гунонгун дошта, давлат онҳоро бо механизмҳои гуногун таъмин менамояд.
  2. Дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши механизмҳои миллӣ ва байналмиллалӣ назаррарас аст. Дар навбати худ механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро ба се унсур тақсим мекунанд:

а) ҳифзи судии ҳуқуқҳои инсон;

б) ҳифзи давлатии ғайрисудии ҳуқуқҳои инсон;

в) ҳифзи ғайриҳукуматии ҳуқуқҳои инсон.

  1. Дар таъмини кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, доштани сатҳи баланди ҳуқуқи низ нақш мебозад.

      Сардори шуъбаи умумии суди

      ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон                            Абдурахимов У.Ҷ.