Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ»

Имрӯз, 26 октябри соли 2021 дар утоқи кории Раиси суди ноҳия Мамарасулзода С.М. маҷлиси тантанавӣ бо иштироки Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои қудратии ноҳия бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» доир гардид. Маҷлиси тантанавиро Раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Б. кушода, Раис, судяҳо ва ҳамаи кормандони дастгоҳи суди ноҳияро бо ин рӯзи фархунда муборакбодӣ намуда, ба онҳо таманниётҳои неки худро орзу намуданд. Ҳамзамон, дар маҷлиси тантанавии мазкур аз ҷониби Раиси суди ноҳия ба кормандони дастгоҳи суди ноҳия барои дастовардҳои хизматӣ, иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошта шуда, баҳри пешрафти Ҳокимияти судӣ, инчунин барои интизоми меҳнатӣ ва рафтори намунавӣ бо сипосномаҳо сарфароз гардонида, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо муваффақиятҳо иброз намуданд.