МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ ДАР СУДИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

        Имрӯз дар Суди ноҳияи Қубодиён маҷлис бахшида ба рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Маҷлиси мазкурро Раиси суди ноҳияи Қубодиён мухтарам Мамарасулзода С.М.,  кушода эълон карда ҳозиринро ба рӯзи касбиашон табрик намуд.

Дар аввали маҷлиси мазкур роҳбарияти суди ноҳияи Қубодиён бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти судӣ бо мақсади тарбияи дурусти кадрҳо, баланд бардоштани руҳияи кормандони дастгоҳи суд  бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуда, илова намуданд, ки рўзи 26 октябрро сокинони кишварамон ба он хотир гиромӣ медоранд, ки дар ин руз иди касбии муътабартарин қишри ҷомеа  кормандони Ҳокимияти судӣ буда, он дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.

Бо камоли қаноатмандӣ ва эҳсоси волои сарбаландӣ зикр намудани  заҳмат ва талошҳои пайвастаи мақомоти судӣ, ки аз рузҳои нахустини таъсисёбӣ танҳо бахри химояи қонун, хуқуқ ва озодихои инсону шахрванд, манфиатхои давлату ҷомеа фаъолияти худро ба рох монда, тамоми салохияти худро ба пойдориву устувории адолату қонуният дар мамлакат, баробарии хама дар назди қонун ва суд равона намудааст, шоёни тахсин аст.

Тазаккур бояд дод, ислохоти хуқуқӣ хамон вақт ба дигаргунихои ҷомеа ва инкиофи мунтазами он мусоидат менамояд, ки агар роху усулхои пурра тадбиқ шудани қонунхо аз ҷониби мақомоти хифзи хуқуқ, суд ва дигар сохторхои хуқуқӣ таъин карда шавад.

Новобаста аз ин масъулияти бештаре ба души Хокимияти судӣ вогузор аст, зеро таъмини адолати судӣ, ки хуқуқи конститусионии  хокимияти судӣ мебошад, боиси устувории пояхои давлатдорӣ хохад буд.

Чи тавре, ки Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд «Пойдории мулк ва бақои давлат ба адлу дод ва риояи қонуну қонуният устувор аст. Ва додгустарон чун хомиёни адолат дар симои қонун хуқуқу озодихои шахрвандонро пуштибони менамоянд. Аз ин рў, барои давлати хуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар мақоми баланди Хокимияти судӣ  дар ҷомеа хос аст, зеро суд арзишхои олӣ –инсон ва хуқуқу озодихои онро, ки вазифаи муқаддас аст, риоя ва хифз менамояд. Баробарии дигар шохахо хокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шахрванди таъмин медорад ».

Дар таъмини хифзи хуқуқу озодихои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ хокимияти судии мустақил ва беғараз нақши асосӣ дорад.

Аз суханрониҳои сарвари давлат, ки дар боло дарҷ намудем, чунин бармояд, диққати бевоситаи Пешвои миллат барои рушду такомул ва таъмини мустақилияти Хокимияти судӣ нигарон аст. Бесабаб нест, ки бо захмату талошхои бевоситаи Пешвои миллат дар сохтору фаъолияти Хокимияти судӣ дар даврони истиқлоли кишвар дигаргуниҳои бешуморе ба амал омадааст.

Дар давоми маҷлиси суди судяҳои Суди нохияи Қубодиён Иброхимзода И.И., дар мавзуи “Таърихи ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Аслонзода С.Х., “Ҳокимияти судӣ; Нақш ва мавқеи он дар таҳкими давлатдории миллӣ” бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

 

Иҷрокунанда Пристави Суди ноҳияи Қубодиён

Ҳусейнзода А.А.