Маљлиси тантанавї дар Суди ноњияи Ќубодиён бахшида ба 32 солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон

Санаи 6 сентябри соли 2023 дар толори суди нохияи Кубодиён маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суди нохияи Кубодиён, муҳтарам Мамарасулзода Саидчафар Мамарасул, судяхо Иброхимзода Исроил Исмоил, Аслонзода Салим Хайриддин ва кормандони дастгоҳи суди нохияи Кубодиён баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аввалан  Раиси суди нохияи Кубодиён, муҳтарам Мамарасулзода Саидчафар Мамарасул хозиринро бахшида ба ҷашни 32 солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, вобаста ба ин ҷашни бузурги таърихӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки  Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон дар таърихи миллати точик дастоварди бузург ва нодиртарин буда, дар охири асри ХХ амали гардид. 9 сентябри соли 1991 дар сахифаи таърихи тамадуни чахон ва халки точик бо хатти заррин ва дурахшон, чун Рўзи Истиклолияти давлатии Точикистон сабт шуд ва он барои муайян намудани самтхои тараккиёт ва пешрафти чомеаи демократи, хукукбунёд ва дуняви заминаи вокеи гузошт.

Ба даст овардани истиклолият тухфаи бебахо ва деринтизори мардуми точик буд ва дар шохрохи икдоми миллати точик рохи рушди комилан навро кашф намуд. Пас аз хазор соли парешони, чангу ихтилоф ва курбонихо, миллати куханбунёди точик боз сохиби давлати сохибихтиёри худ гашт. Зиёданд миллатхое дар дунё, ки шумораашон ба чандин миллион мерасад ва солхои тулони барои ба даст овардани Истиклолият мубориза мебаранд, вале таърих нисбати онхо мехрубони зохир накардааст.

32 соли Истиклолияти Точикистон, тамоми сохтори сиёси, иктисоди ва ичтимоии Ватанамонро дигаргун намудааст. Макомоту муассисахо нафакат шаклан, балки мазмунан ва пурраги тагйир ёфтанд. Аз хама мухимаш он аст, ки Точикистон узви мустакил ва шинохтаи чомеаи чахони гашт ва худ мустакилан ба равнади рушди чањони бо истифода аз имкониятхои мављуда шарик гашт. Аз ибтидои Истиклолияти давлатиаш Точикистон аз принсипхо ва меъёрњои умумиэътирофшудаи хукуки байналхалки, ки асоси муносибати байни давлатхо, сулху амният, эхтироми хухуху озодихои инсон мебошанд, чонибдори кардааст. Дар Конститутсияи Чумхурии Точикистон хукуку озодихои инсон арзиши оли эътироф карда шудааст.

Сипас, дар давоми маҷлиси ҷашнӣ судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноњияи Кубодиён дар мавзӯҳои гуногун аз ҷумла, судяи суди нохияи Кубодиён Иброхимзода Исроил Исмоил  дар мавзӯи “Истиқлолияи давлатии ва рушди ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, судя Аслонзода Салим Хайриддин дар мавзӯи “Истиқлолият ва дастовардҳои миллӣ”, баромад намуданд.

 

Корманди дастгохи Суди нохияи Кубодиён

Хусейнзода Абдурахмон Аврод