Маҷлиси тантанави дар Суди ноҳияи Қубодиён бахшида ба рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз 24.11.2023 сол дар Суди ноҳияи Қубодиён маҷлис бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлиси мазкурро Раиси Суди ноҳияи Қубодиён мухтарам Мамарасулзода С.М.,  кушода эълон карда ҳозиринро ба рӯзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз намуданд, ки ба ҳамагон маълум аст, дар баробари ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 дар Ҷумҳурии Точикистон ҳамасола рӯзи 24 ноябр  ҳамчун рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Парчам ин аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки  имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиклол бо фарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи ҷудрату тавоноӣ ва нурҳои ақлонии фарҳангии ҳамон кишвар аст, ин як рамзи бисёрмаъно буда, он ба воситаи муқоиса дар ақли инсон дарк мешавад. Он тасвири рангҳо, он тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар парчам акс ёфтааст, мазмунҳои зиёдеро дар худ таҷассум кардааст ва ҳар кас метавонад онро вобаста ба малакаву фаҳмиши худ шарҳ диҳад, масалан, вобаста ба маъно ва мазмуни ин рангҳои дар парчам интихобшуда ва тоҷ бо ҳафт ситора, фикрҳои мухталиф миёни муҳаққиқон мавҷуд аст, ки яке онро  ишора ба табиати зебоманзари Тоҷикистон мансуб дониста, дигаре ҳафт ситораро, ки рақами ҳафт дар мардуми мо хело муқаддас аст, ба ҳафт зинаи камолоти умри инсон, ҳафт рӯзи ҳафта, мансуб донистааст. Аммо, ба таври  амиқи тасдиқшуда ранги сурх дар парчам, ин мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед бошад — бахту иқболи сафед, покизагӣ буда, ранги сабз — сайъу кўшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватанамон мебошад. Тасвири тоҷ дар парчам ин нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияти кишвар буда, ҳафт ситора-ин  ҳафт иқлим, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт қабати осмон, ҳафт рўз дар назар дошта шудааст. Парчам бо муқаддасии худ барои андешаву фаҳмиши  дарки инсон мавод медиҳад. Эҳтироми волои Парчам дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ вазифаи асосӣ ва ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.

Дар давоми маҷлис судяҳои Суди нохияи Қубодиён Иброҳимзода И.И., ва Аслонзода С.Х., дар мавзӯи “Парчам ҳамчун рамзи давлатдории халқи тоҷик” бо маърӯзаҳо баромад намуда, ҳозиринро ба рўзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, илова намуданд, ки бигзор дар саросари кишвари ҳамешабаҳори азизамон Парчами сулҳу амонӣ ва осоишу осудагӣ, таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо партавфишон бошад.

 

Иҷрокунанда Пристави Суди ноҳияи Қубодиён

Ҳусейнзода А.А.