Мачлиси тантанави бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон

Имрӯз 16.11.2023 сол дар Суди ноҳияи Қубодиён маҷлис бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлиси мазкурро Раиси Суди ноҳияи Қубодиён мухтарам Мамарасулзода С.М.,  кушода эълон карда ҳозиринро ба рӯзи Президент табрик намуда, иброз намуданд, ки таърих гувоҳ аст, барои ҳар давлату миллат шахсиятҳое арзи ҳастӣ доранд, ки пароканда ва аз байн нарафтани онҳо аз ин шахсиятҳои нотакрор ва худодод вобастагии сахт доранд. Маҳз дар қатори ин шахсиятҳо яке аз фарзандони баруманди диёрамон Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ном бурдан ҷоиз аст. Илова намуданд, ки албатта пешрафту муваффақиятҳои ҳар оила, ҳар халқу миллат ва ҳар давлат ба муттаҳидӣ ва ягонагии он сахт марбут аст. Вале, дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои гуногун унсурҳои таъминкунандаи Ваҳдат бе мављудияти роҳбари оқилу доно ва ғамхори миллат боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии давлату халҷиятҳо хоҳанд гашт. Маҳз ғамхории падаронаи Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлату миллати тоҷик буд, ки имрўз дар фазои озоди истиқлоли он мардуми шарифу заҳматкашаш озодона умр ба сар бурда истодаанд.  Аз рўзи ба даст овардани Истиќлолият 32 сол сипарӣ мешавад. Дар ин мудати кутоҳи таърихӣ дар натиҷаи саъю кушишҳои фарзанди фарзонаи миллат Президенти мардумии мо Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар натиҷаи саъю кушишҳои зиёди мардуми бо нангу ор аз ҷиҳати зиндагии осоишта сулҳу суббот рушду тарақиёт ва дастовардҳои фарњангӣ, давлати мо дар арсаи байналмилалӣ нуфузу мақоми шоистаро ишғол намуд. Дар давоми маҷлис судяҳои Суди нохияи Қубодиён Иброхимзода И.И., дар мавзуи “ИНТИХОБИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҲАЙСИ РАИСИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”, Аслонзода С.Х., дар мавзӯи “НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ТАЪМИНИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ” бо маърӯзаҳо баромад намуда, аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барои яко яки онҳо умри дарози пурбаракат, хушбахтию сурури оилавӣ, оромию субот, ободии мулк, бахти баланд, мувафақиятҳо дар ҳаёти шахсию фаъолияти корӣ баҳри ободии Ватану миллати азизамон комёбиҳои беназирро таманно намуда, илова намуданд, ки бигзор Пешвои муаззами миллат як умр соябони сари миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон бошанд.

Иҷрокунанда Пристави Суди ноҳияи Қубодиён

Ҳусейнзода А.А.