Мастӣ, мебарад ба пастӣ…

Чуракулов Сирожиддин Файзуллоевич, сокини деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён санаи 25 июни соли 2019 тахминан соатҳои 24:05 дақиқа дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён дар ҳолати мастӣ бо шавҳари апааш Намозов Илҳом Худойқулович баҳсу муноқиша намуда, дар саҳни ҳавлии манзили истиқоматиаш бо корди хоҷагидорӣ ба узвҳои ҳаётан муҳими охирон як маротиба зарба зада, аз ҳисоби ҷароҳати бардоштааш Намозов И.Х. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Санаи 06 сентябри соли ҷорӣ бо ҳукми суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Чуракулов Сирожиддин Файзуллоевич бо қисми 1, моддаи 104-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми ҳамин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 10 сол бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомашон сахт таъин карда шуд.

Судяи Суди ноҳияи Қубодиёни

вилояти Хатлон Гулзода С.С.