Миззи мудавар ҷиҳати иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030

Санаи 23 сентябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бо мақсади иҷрои бандҳои нақша чорабиниҳои дохилиидоравии суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 ва нақшаи кории Шӯрои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон миззи мудавари ҳайати Шӯро бо иштироки раиси суди ноҳия Мамарасулзода С.М. ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо фаъолон, ҷавонон, занон, раисони кумитаҳои маҳалла, ВАО ва ходимони дини ноҳия, дар мавзӯи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҷараёни иртиҷоӣ, гурӯҳҳои ифротгароӣ ва террористӣ, доир ба таъмини риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, таъмини риояи “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, масъалаи паҳншавии бемории коронавируси нав (COVID-19) ва дигар масъалаҳои ҷорӣ гузаронида шуд.

Дар миззи мудавар раиси Суд ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас дода, баргузории миззи мудавар ба навор гирифта шуд.