Мурофиаҳои сайёри судӣ дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Қубодиён бо моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолон, ҷавонон, занон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, ходимони дин, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия.

Санаи 30 апрели соли 2024 дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Қубодиён Раиси Суди ноҳияи Қубодиён муҳтарам Мамарасулзода С.М., парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро бо моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар маҷлиси ошокорои сайёри судӣ бо иштироки фаъолон, ҷавонон, занон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, ходимони дин, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баррасӣ намуд. Пас аз ба анҷом расидани мурофиаи судӣ, Раиси Суди ноҳия муҳтарам Мамарасулзода С.М., вобаста ба моҳияити Қонун Ҷумҳурии Тоҷикитон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд.

 

Иҷрокунанда,

Пристави Суди ноҳияи Қубодиён

Ҳусейнзода А.А.