Мурофиаи сайёри судӣ дар гимназияи давлатии №02-и ноҳияи Қубодиён бо парвандаи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ бо қисми 1, моддаи 481-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолон, ҷавонон, занон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, ходимони дин ва омӯзгорон.

Санаи 03 майи соли 2024 дар гимназияи давлатии №02-и ноҳияи Қубодиён Раиси Суди ноҳияи Қубодиён муҳтарам Мамарасулзода С.М., парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро бо қисми 1, моддаи 481-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҷлиси ошокорои сайёри судӣ бо иштироки фаъолон, ҷавонон, занон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, ходимони дин ва омӯзгорон баррасӣ намуда, дар доираи қонун нисбати ҳуқуқвайронкунанда ҷазои сазовор таъин кард. Пас аз ба анҷом расидани мурофиаи судӣ, Раиси Суди ноҳия муҳтарам Мамарасулзода С.М., вобаста ба моҳияити Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон раиси суд бо фаъолони ноҳия вохӯрии судманд бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва эҳсосоти ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи урфу одат ва анъанаҳои ниёгон ва дар ин замина пешгирӣ намудани ҳолатҳои тақлид ба фарҳанги бегона, инчунин пурзур намудани корҳои амалӣ бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ва сарҷамъона мубориза бурдан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву тероризм, инчунин оид ба даъвати ҷавон писарон ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

 

 

 

 

 

 

Иҷрокунанда,

Пристави Суди ноҳияи Қубодиён

Ҳусейнзода А.А.