“Шанбегӣ” дар суди ноҳия!

Санаи 03 июли соли 2021 дар Суди ноҳияи Қубодиён бо ҷалби дастаҷамъонаи роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳия ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар шанбегии мазкур гирду атрофи назди бинои Судро аз баргу хазонҳо тоза намуда, бо мақсади нашъу намои хуб гирду атрофи гулҳои назди бино аз алафҳои бегона тоза карда шуда зери онҳо нарм карда шуд.

Инчунин баҳри тозагӣ ва бехатарӣ утоқҳои корӣ ва толори гузаронидани маҷлисҳои судӣ тоза карда шуда бо маҳлулҳои хлорӣ безарар гардонида шуд.