Таҷлили Рӯзи Президент

Маҷлиси тантанавӣ дар суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бахшида ба рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 ноябр дар саросари Ватани махбубамон рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин радиф, дар Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бахшида ба рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардида, зимни маҷлис раиси суди ноҳия Мамарасулзода С.М., иброз намуданд, ки таърих гувоҳ аст, барои ҳар давлату миллат шахсиятҳое арзи ҳастӣ доранд, ки пароканда ва аз байн нарафтани онҳо аз ин шахсиятҳои нотакрор ва худодод вобастагии сахт доранд.

Маҳз дар қатори ин шахсиятҳо яке аз фарзандони баруманди диёрамон Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ном бурдан ҷоиз аст.

Илова гардид, ки албатта пешрафту муваффақиятҳои ҳар оила, ҳар халқу миллат ва ҳар давлат ба муттаҳидӣ ва ягонагии он сахт марбут аст. Вале, дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои гуногун унсурҳои таъминкунандаи Ваҳдат бе мавҷудияти роҳбари оқилу доно ва ғамхори миллат боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии давлату халқиятҳо хоҳанд гашт.

Маҳз ғамхории падаронаи Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон ба давлату миллати тоҷик буд, ки имрўз дар фазои озоди истиқлоли он мардуми шарифу заҳматкашаш озодона умр ба сар бурда истодаанд.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки аввали солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллӣ худ ноил гардида, соҳиби давлати миллии худ шуд. 9 сентябри соли 1991 бо амри тақдир баъди садсолаҳо саъю талошҳои фарзандони барўманди миллат дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоли миллати тоҷик бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард, ки нишонаи шукофоии гули умеди халқи зидурии замонаҳо расидаи мо буд.

Аммо, мутаасифона аз нахустин рўзҳои Истиқлолияти худ Тоҷикистон дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рў ба рў гардид. Раванди ташаккулу инкишофи Истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор шуд.

Роҳи наҷотро аз ин вартаи ҳалокат ва гирдоби ноумедҳо маҳз Иҷлосияи ХV1 Шўрои Олии Чумҳурии  Тоҷикистон муайян кард ва дар он ҷавонмарди олитаборе бо исми мубораки Эмомалӣ Раҳмон сари қудрати сиёсии мамлакат омад, ки муроҷиат ба мардуми умедбахшандааш “Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам ё дар ин роҳ ҷони худро нисор менамоям”. Ин муроҷиат пеш аз ҳама, маънои оғози қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба макони зист, барқарор сохтани ҳазорҳо хонаю иншооти бар асари ҷанг харобгашта ва маънои ба сари мизи музокирот нишастани роҳбарони нерўҳои бо ҳам мухолифро дошт. Аввалан бояд дар саросари кишвар оташбас эълон шуда, аз муқовимати мусаллаҳона даст кашида, гуфтушуниди натиҷабахш оғоз мешуд. Дуюм, гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва ҷои зисти доимиашон. Беҳуда нест, ки Асосгугузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни баромади худ дар Иҷлосияи ХV1 Шўрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон иброз намуданд, ки то охирон гурезагони берун аз Ватанро бар Ватанамон бар нагардонам худамро озод ҳис намекунам.

Мардуми Тоҷикистон зери роҳбари сиёсатмадори хирадманду дурандеш ва дорои иродаи матин тавонист дар он рўзҳои фоҷиабор ва минбаъд дар атрофи худ халқро муттаҳид гардонида, Ватану давлатро аз ҳалокат наҷот диҳад. Ҳанўз аз рўзи аввали савгандёдкунии худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро дар назди худ мақсад гузошта, ба амалӣ намудани ҳадафҳои дигари стратегӣ, чун эҳёи Роҳи абрешим, ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратию фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бумбасти комукатсионӣ, волоияти қонун, ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ, асъори миллӣ ва масъалаи муҳими давлатӣ, ин қабули Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳо ба он бо роҳи райпурсии умумихалқӣ буд.

Санаи 11 декабри соли 1999 бо қарори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзанди фарзонаи миллат Президенти мардумии мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри барқарор намудани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияти бехатарии халқи тоҷик ва хизмати барҷаста дар рушду инкишофи Истиқлолияти Тоҷикистон кардаанд бо унвони олии қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Аз рўзи ба даст овардани Истиқлолият 29 сол сипарӣ мешавад. Дар ин мудати кутоҳи таърихӣ дар натиҷаи саъю кушишҳои фарзанди фарзонаи миллат Президенти мардумии мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар натиҷаи саъю кушишҳои зиёди мардуми бо нангу ор аз ҷиҳати зиндагии осоишта сулҳу суббот рушду тарақиёт ва дастовардҳои фарҳангӣ, давлати мо дар арсаи байналмилалӣ нуфузу мақоми шоистаро ишғол намуд.

Ҳамаи ин хизматҳои шоиста ва саъю кўшишҳои беандозаи Пешвои муаззами миллат барои халқу Ватани маҳбубамон боис гардид, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” санаи 16 ноябр рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барои яко яки онҳо умри дарози пурбаракат, хушбахтию сурури оилавӣ, оромию субот, ободии мулк, бахти баланд, мувафақиятҳо дар ҳаёти шахсию фаъолияти корӣ баҳри ободии Ватану миллати азизамон комёбиҳои беназирро таманно дорам.

Бигзор Пешвои муаззами миллат як умр соябони сари миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон бошанд.

Бори дигар рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод ҳамватанони азиз.

 

Раиси суди ноҳияи

        Қубодиёни вилояти Хатлон                                                             Мамарасулзода С.М.