Табрикоти Раиси Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Мамарасулзода С.М. бахшида ба рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти Раиси Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон

Мамарасулзода С.М.

бахшида ба рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳамасола рўзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ҳамчун Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари Ватани маҳбубамон ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ҳамин мехоҳам дар бораи Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронам.

Таърих гувоҳ аст, дар ҳар давлату миллат шахсиятҳое арзи ҳастӣ доранд, ки барои пароканда ва аз байн нарафтани давлату миллат аз ин шахсиятҳои нотакрор ва худодод вобастагии сахт доранд.

Маҳз дар қатори ин шахсиятҳо яке аз фарзандони баруманди диёрамон Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ном бурдан ҷоиз аст.

Пешрафту муваффақиятҳои ҳар оила, ҳар халқу миллат ва ҳар давлат ба муттаҳидӣ ва ягонагии он сахт марбут аст. Вале дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои гуногун унсурҳои таъминкунандаи Ваҳдат бе мавҷудияти роҳбари оқилу доно ва ғамхори миллат боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии давлату халқиятҳо хоҳанд гашт.

Маҳз ғамхории падаронаи Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон ба давлату миллати тоҷик буд, ки имрўз дар фазои озоди истиқлоли он мардуми шарифу заҳматкашаш озодона умр ба сар бурда истодаанд.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки аввали солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардида, соҳиби давлати миллии худ шуд. Рўзи 9 сентябри соли 1991 бо амри тақдир баъди садсолаҳо бо саъю талошҳои фарзандони барўманди миллат дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоли миллати тоҷик бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард, ки он нишонаи шукофоии гули умеди халқи аздурии замонаҳо расидаи мо буд.

Аммо, мутаасифона аз нахустин рўзҳои Истиқлолияти худ Тоҷикистон дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рў ба рў гардид. Раванди ташаккулу инкишофи Истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор шуд.

Роҳи наҷотро аз ин вартаи ҳалокат ва гирдоби ноумедҳо маҳз Иҷлосияи ХV1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кард ва дар он ҷавонмарди олитаборе бо исми мубораки Эмомалӣ Раҳмон сари қудрати сиёсии мамлакат омад, ки муроҷиат ба мардуми умедбахшандааш чунин буда, “Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам ё дар ин роҳ ҷони худро нисор менамоям”. Ин муроҷиат пеш аз ҳама, маънои оғози қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба макони зист, барқарор сохтани ҳазорҳо хонаю иншооти бар асари ҷанг харобгашта ва маънои ба сари мизи музокирот нишастани роҳбарони нерўҳои бо ҳам мухолифро дошт. Аввалан бояд дар саросари кишвар оташбас эълон шуда, аз муқовимати мусаллаҳона даст кашида, гуфтушуниди натиҷабахш оғоз мешуд. Дуюм, баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва ҷои зисти доимиашон. Беҳуда нест, ки Асосгугузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ дар Иҷлосияи ХV1 Шўрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон иброз намуданд, ки то охирон гурезагони берун аз Ватанро ба Ватанамон бар нагардонам, худамро озод ҳис намекунам.

Мардуми Тоҷикистон зери роҳбари сиёсатмадори хирадманду дурандеш ва дорои иродаи матин тавонист дар он рўзҳои фоҷиабор ва минбаъд дар атрофи худ халқро муттаҳид гардонида, Ватану давлатро аз ҳалокат наҷот диҳад.

Санаи 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзанди фарзонаи миллат, Президенти мардумии мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри барқарор намудани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияти бехатарии халқи тоҷик ва хизмати барҷаста дар рушду инкишофи Истиқлолияти Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд, бо унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.

Аз рўзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 30 сол сипарӣ гардид. Дар ин мудати кутоҳи таърихӣ дар натиҷаи саъю кушишҳои фарзанди фарзонаи миллат Президенти мардумии мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар натиҷаи саъю кушишҳои зиёди мардуми бо нангу ор аз ҷиҳати зиндагии осоишта сулҳу суббот рушду тарақиёт ва дастовардҳои фарҳангӣ, давлати мо дар арсаи байналмилалӣ нуфузу мақоми шоистаро ишғол намуд.

Ҳамаи ин хизматҳои шоиста ва саъю кўшишҳои беандозаи Пешвои муаззами миллат барои халқу Ватани маҳбубамон боис гардид, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” санаи 16 ноябр рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барои якояки онҳо умри дарози пурбаракат, хушбахтию сурури оилавӣ, оромию субот, ободии мулк, бахти баланд, мувафақиятҳо дар ҳаёти шахсию фаъолияти корӣ баҳри ободии Ватану миллати азизамон комёбиҳои беназирро таманно дорам.

Бигзор Пешвои муаззами миллат як умр соябони сари миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон бошанд.

Бори дигар рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод ҳамватанони азиз.

 

Раиси Суди ноҳияи

Қубодиёни вилояти Хатлон                                                                            Мамарасулзода С.М.