Табрикоти раиси Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон муҳтарам Мамамарасулзода С.М., бахшида ба рӯзи кормандони Ҳокимияти судӣ
Ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се рукни мустақил, қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим мешавад. Мақсад аз таъсиси мақомоти мазкур аз як тараф барои мувозинат байни се рукни ҳокимияти давлатӣ буда, ҳар яке аз онҳо дар асоси Конститутсия ва қонунҳо бо тарзу усули муайян вазифаҳои ба худ хосро иҷро менамоянд. Ҳокимияти судӣ низ ҳамчун навъи мустақили ҳокимияти давлатӣ мувофиқи моддаи 84-и Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиату давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат масъул аст. Конститусия аниқ муқаррар кардааст, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тараи судяҳо амалӣ мегардад. Ин мулоҳиза чунин маънӣ дорад, ки ягон мақомоти дигар ё шахсони алоҳида ҳуқуқи таъмини адолати судиро надоранд.
Рўзи 26 октябрро сокинони кишварамон ба он хотир гиромӣ медоранд, ки дар ин рўз иди касбии муътабартарин қишри ҷомеа кормандони Ҳокимияти судӣ буда, он дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.
Бо камоли қаноатмандӣ ва эҳсоси волои сарбаландӣ зикр намудани заҳмат ва талошҳои пайвастаи мақомоти судӣ, ки аз рузҳои нахустини таъсисёбӣ танҳо баҳри ҳимояи қонун, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа фаъолияти худро ба роҳ монда, тамоми салоҳияти худро ба пойдориву устувории адолату қонуният дар мамлакат, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд равона намудааст, шоёни таҳсин аст.
Тазаккур бояд дод, ислоҳоти ҳуқуқӣ ҳамон вақт ба дигаргуниҳои ҷомеа ва инкиофи мунтазами он мусоидат менамояд, ки агар роҳу усулҳои пурра тадбиқ шудани қонунҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд ва дигар сохторҳои ҳуқуқӣ таъин карда шавад.
Новобаста аз ин масъулияти бештаре ба дўши Ҳокимияти судӣ вогузор аст, зеро таъмини адолати судӣ, ки ҳуқуқи конститусионии ҳокимияти судӣ мебошад, боиси устувории пояҳои давлатдорӣ хоҳад буд.
Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмон қайд намудаанд «Пойдории мулк ва бақои давлат ба адлу дод ва риояи қонуну қонуният устувор аст. Ва додгустарон чун ҳомиёни адолат дар симои қонун ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро пуштибони менамоянд. Аз ин рў, барои давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар мақоми баланди Ҳокимияти судӣ дар ҷомеа хос аст, зеро суд арзишҳои олӣ –инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро, ки вазифаи муқаддас аст, риоя ва ҳифз менамояд. Баробарии дигар шоҳаҳо ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шаҳрванди таъмин медорад ».
Дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ ҳокимияти судии мустақил ва беѓараз нақши асосӣ дорад.
Аз суханрониҳои сарвари давлат, ки дар боло дарҷ намудем , чунин бармояд, диққати бевоситаи Пешвои миллат барои рушду такомул ва таъмини мустақилияти Ҳокимияти судӣ нигарон аст. Бесабаб нест, ки бо заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои миллат дар сохтору фаъолияти Ҳокимияти судӣ дар даврони истиқлоли кишвар дигаргуниҳои бешуморе ба амал омадааст.
Сарфароз аз онем, ки бо хукми тақдиру таърих ҳануз 28 сол муққадам дар харитаи ҷаҳон давлати навъи мустақил бо номи Тоҷикистон дар ҷаҳони мутамаддин мақому нуфузи хоссае касб намудааст, арзӣ ҳасти карда, дар таърихи давлатдорӣ ва оѓози марҳилаи сифатан нави рушду инкишоф гардид.
Ин дастоварди бузурги таърихӣ воқеан барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ва мустаҳкам гардидани ѓояҳои муоссири давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши муҳим бозид ва имрўз шоҳиди онем, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон бо шарофати истиқлолияти давлатӣ падидаҳои тозае ба зуҳур мерасанд, ки онҳо ба болоравии эътибори ватани азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Барои ҳамагон мусаллам аст, ки шукуфоии рузгори мо, иҷрои нақшаҳои рузафзуни ҳукумат, таъмини сулҳу суббот ва осудахотирӣ аз самараҳои ширин ва гуворои ҳамон мактаби бузургест, ки дар саргаҳи он фарди ҷоннисоре ба унвони қудсии «додгустар» қарор дорад.
Боиси ифтихор аст, ки кормандони судӣ ноҳияи Қубодиён дар ҷодаи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини адолати судӣ корҳои зиёду самарабахшро бо масъулияти том ба ҷо меоваранд. Сарвари давлат ҳинни ба вазифа таъин намудани дилхоҳ роҳбарҷавонон дар сатҳу зинаҳои гуногун ба он такя мекунанд, ки дар ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои истиқлолият ва рушди минбаъдаи кишвар кадрҳои болаёқат саҳми пурарзиш доранд.
Чунин баҳои баланд сад дар сад ба ҷомеаи бузурги судҳо таълуқманд буда, боварии комил дорем, ки онҳо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро баробари қадршиносӣ, ҳамзамон ба ҳайси рисолати аввалиндараҷа ва ўҳдадориҳои таъхирнопазири ояндаи хештан низ қабул ва пазироӣ менамояд.
Инак кормандони Ҳокимияти суди ҳамкасбонамро ба муносибати иди касбиашон, ки ба таърихи 26-уми октябр рост омадааст бо самимияти саршор таҳният гуфта ба ҳамагон саодати рузаффзуни рўзгор, осудагӣ ва болидагии хотир таманно менамоям.
Рўзи фархундаи судҳо муборак бошад ҳамкасбони азиз кормандони мақомоти судӣ.
Раиси суди ноҳияи
Қубодиёни вилояти Хатлон
Мамарасулзода С.М.