Вохӯрии Раиси Суд дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Қубодиён бо кормандони, соҳаҳои молия, андоз, бонкҳо, раисони Ҷамоатҳо, хизматчиёни давлатӣ, ҷавонон ва фаъолони ноҳия

Суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо баён доштанд, мавриди иҷроиш қарор дода, дар ин мавзуъ нақшачорабиниҳои дохилиидоравии суди ноҳия тартиб дода шуда, бо мақсади иҷрои бандҳои

нақшаи мазкур, Раиси суд ва судяҳои ноҳия барномаи зикргардидаро сармашқи кори худ қарор дода, оид ба бандҳои нақша бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиати ҷамъият, ташкилотҳои қарзӣ ва давлат, Раиси Суд дар якҷоягӣ бо роҳбарони дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия санаи 29 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бо аҳолӣ ва бо кормандони соҳаҳои молия, андоз ва бонкҳо вохӯри гузаронида шуд.