Вохӯрии Раиси Суд Мамарасулзода С.М. дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо фаъолон, ҷавонон, занон, раисони кумитаҳои маҳалла ва ходимони дини ноҳия

Вохӯрии Раиси Суди ноҳия Мамарасулзода С.М. дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо фаъолон, ҷавонон, занон, раисони кумитаҳои маҳалла ва ходимони дини ноҳия.       

Санаи 12 апрели соли 2019 дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки Раиси Суди ноҳия ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо ҷавонон фаъолон, занон ва ходимони динни ноҳия вохӯрии судман доир ба фаҳмонидани моҳият ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ”, пешгири шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҷараёнҳои иртиҷоӣ, худкушӣ ва суиқаст ба ҷони худ ва мубориза бо дигар ҳолатҳои номатлуб дар байни ҷавонон, инчунин оид ба даъвати ҷавон писарон ба саффи Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар вохӯрии мазкур Раиси Суди ноҳия Мамарасулзода С.М. ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд.