Вохӯрии раиси Суд ва дигар кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Қубодиён бо фаъолон, ҷавонон, занон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, ходимони дин, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия.

Санаи 30 апрели соли 2024 дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Қубодиён оид ба иҷрои бандҳои нақшаи кории Суди ноҳияи Қубодиён, дар асоси нақшаи чорабинии дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки раиси Суд, ва дигар кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Қубодиён бо фаъолон, ҷавонон, занон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, ходимони дин, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, вохӯрии судманд бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва эҳсосоти ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи урфу одат ва анъанаҳои ниёгон ва дар ин замина пешгирӣ намудани ҳолатҳои тақлид ба фарҳанги бегона, инчунин пурзӯр намудани корҳои амалӣ бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ва сарҷамъона мубориза бурдан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву тероризм , инчунин оид ба даъвати ҷавон писарон ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар вохӯрии мазкур Раиси Суди ноҳия муҳтарам Мамарасулзода С.М., баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд.

 

 

Иҷрокунанда

пристави Суди ноҳияи Қубодиён

Ҳусейнзода А.А.